Ҷаббор Расулов: сафи аъзои ҲХДТ меафзояд

20190808_123130

Намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумиҷроияи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо кормандони кӯдакистони № 6 мулоқот намуданд.

Зиёд намудани сафи аъзои ҳизб, ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ ва омодагӣ ба таҷлили сазовори 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварии ин мулоқот буд.

Мутриба Бобоҷонова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоятӣ гуфт, ки сафи аъзои ҲХДТ ҷойи ашхоси ватандӯсту худшинос ва босаводу соҳибтаҷриба буда, аъзои ин нерӯи тавонои сиёсӣ будан на танҳо шараф, балки масъулияти бузург аст.

Ҳамзамон, ба 12 нафар кормандони кӯдакистон, ки барои пайваст шудан ба сафи ҳизб ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>