Мубориза бо коррупсия — ҳадафи барномавии ҲХДТ

IMG_6125

Ин мавзуъ зимни мулоқоти ҳизбиён бо кормандони ташкилоти ибтидоии “Арванд” — и кумиҷроияи ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маъмура Дадобоева, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба омилҳои асосии амалҳои коррупсионӣ суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи хатари ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо буда, ҷиҳати татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон монеаҳо пеш меорад.

“Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб ёфта, масъулини ҳизб пайваста ҷиҳати пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ фаъолиятро ҷоннок мекунанд” — таъкид шуд дар мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>