Мубориза бар зидди хариду фурӯши одам

20190809_103553

Таҳти ин унвон дар китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен бо иштироки ҳизбиёни ноҳия семинар баргузор гардид. Дилфуза Саидхӯҷаева, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен оид ба роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуби хариду фурӯши одам суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки танҳо давоми 30 соли охир дар минтақаи Осиё наздик 30 миллион нафар занону кўдакон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд.

“Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола беш аз 4 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, ин кор ба синдикатҳои ҷиноятпеша соле то 7 миллиард доллари амрикоӣ даромади ғайриқонунӣ меорад”.

Аз иштирокчиёни семинар даъват карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз ҳадафҳои ғаразноки ташкилотҳои ҷиноӣ, ки бо хариду фурӯши одамон машғул ҳастанд, корбариро ҷоннок намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>