Ашт: ёрии методӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ

20190731_131503

Ба кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Ошоба ёрии методӣ расонида шуд. Намояндагони КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба ҷобаҷогузории дурусти ҳуҷҷатҳо ва дар сатҳи баланд гузаронидани соатҳои сиёсӣ маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ бо усулҳои муосир дастурҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, масоили зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ашхоси арзанда мавриди муҳокима қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки сафи ҲХДТ ҷойи ашхоси босавод, ватандӯст ва соҳибтаҷриба буда, аъзои ин нерӯи тавонои сиёсӣ будан масъулияти бузург аст.

Аз кормандони ташкилоти ибтидоӣ даъват карда шуд, ки барои омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ корбариро ҷоннок намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ фаъолияти ҳизбиро вусъат бахшанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>