Тарғиби либоси миллӣ

20190801_090617

Ҳини мулоқот бо занону бонувон, ки бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, масоили марбут ба зуҳуроти бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Мулоқоти мазкур бо  мақсади тарғиби либоси миллӣ доир гардид ва масъулини кумиҷроияи ноҳия перомуни пайомадҳои тақлид ба фарҳанги ғайр суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки либоси миллӣ як рукни муҳими фарҳанги миллӣ буда, риояи он масъулияти занону бонувон маҳсуб меёбад.

“Пайравӣ ба фарҳанги бегона хатари ҷиддӣ дунбол дошта, пешгирии  ин зуҳурот муборизаи дастҷамъонаро тақозо мекунад”- таъкид шуд дар мулокот.

Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки ба фарҳанги миллӣ арҷ гузоранд ва дар тарғиби либоси миллӣ намуна бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>