“Ваҳдати оила” таъсис ёфт

1(2)

Бо мақсади таҳкими оила дар ҷомеа, ки аз ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад, дар назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд маркази “Ваҳдати оила” таъсис дода шуд. Ба ин муносибат дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки аъзои Шӯрои занон маҷлис баргузор гардид.

Фирӯзахон Раҳимӣ, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятӣ гуфт, ки оилаи солим омили пойдории ҷомеаи солим буда, рушду пешрафти давлат аз фазои орому осудаи оила маншаъ мегирад.

Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масоили марбут ба оиларо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, барои ҳимояи оила ва манфиатҳои он, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва баробарии гендерӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон, собиқадорони ҳизб Мукаррама Неъматова, Хайриниссо Темирова ва Сабоҳат Бобоҷонова перомуни баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо суханронӣ намуданд.

Қайд шуд, ки  маркази навтаъсис бо ҷалби занони фаъоли ҷомеа ҷиҳати пешгирии  пошхӯрии  оилаҳо дар маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, барои таҳким ва пойдории оила фаъолият мебарад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>