Мубориза бо терроризм – ҳадафи муҳими ҲХДТ

IMG_20190815_104242

Масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо фаъолони ҳизб, вакилони халқ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯрӣ намуданд. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм, бегонапарастӣ, моҳияти Қонуни Конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ” аз мавзуъҳои меҳварии ин мулоқот буд.

Муслимахон Ҷамолиён, раиси кумиҷроияи шаҳрӣ суханронӣ намуда, оид ба хатарҳои терроризм ва экстремизм ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм омили ваҳшоният ва ҷаҳолат буда, мубориза бо он дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад.

Ҳамзамон, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ ҳини ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҳизбиён даъват карда шуд, ки корбариро ҷоннок намуда, фаъолияти ҳизбиро вусъат бахшанд.

Ба як қатор аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>