Ифтитоҳи бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

48584024397_d458013d2b_z

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат, ки бо сафари корӣ дар ин минтақа қарор доштанд, субҳи 20 – уми августи соли равон бинои кумиҷроияи ҳизбиро ифтитоҳ карда, бо ҳизбиёни вилоят сӯҳбати муассиру хотирмон анҷом доданд.

Бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки аз ду ошёна ва панҷ утоқи корӣ иборат аст, бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд гардидааст.48584026622_15c58e9f46_z

Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои сохтмон ва шароитҳои фароҳамомада дар он қаноатмандӣ карда, бо боварӣ изҳор карданд, ки фаъолияти ҲХДТ дар ин ноҳияи дурдаст минбаъд боз ҳам тақвият ёфта, барнома ва ҳадафҳои созандаи ҳизб босамар татбиқ мегарданд.

Бинои маъмурии кумиҷроияи ҳизб дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба тариқи ҳашар ва ташаббусу иқдоми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, аъзову ҷонибдорони ҳизб бунёд гардидааст. Дар он тамоми имконоту шароити мувофиқи кор фароҳам омада, аз маҷлисгоҳ ва чаҳор утоқи кории барҳаво иборат аст.48584022612_dd40299c4f_z

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз бинои навбунёд бо намояндагони ҳизби вилоят сӯҳбати муфиду самимӣ анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм доман паҳн карда, фаъолияти ҳизбиён ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб бояд тақвият бахшида шавад.

Ба шароити замона мувофиқ намудани фаъолияти тарғиботӣ, пайваста бо мардум будану ҳамрозу ҳаммароми халқ будан, ки аслан рисолати муҳими ҲХДТ маҳсуб мешавад, дар сӯҳбати Раиси ҲХДТ таъкид гардид.

Сарвари ҳизб аҳамият ва татбиқи қонунҳои миллии “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро махсус таъкид карда, қайд намуданд, ки фаъолияти тарғиботӣ дар ин самт бояд вусъат бахшида шавад. Ҳамчунин, доир ба баланд бардоштани сатҳи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии ҷомеа ва махсусан ҷавонон ба ҳизбиён дастурҳои муфид дода шуд.

Барномаву ғояҳои ҲХДТ ҳамрадиф бо ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бинобар ин, ташаббусу иқдомҳои ҳизбиён аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ дастгириву пуштибонии қавӣ ёбад,–зикр намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Фаъолияти ҲХДТ, ки имсол ба таъсисёбияш 25 сол пур мешавад, ба таъмини суботи сиёсӣ, зиндагии шоистаи халқ нигаронида шуда, ҳадафу барномаҳои он дар кишвар бомаром татбиқ ва худи ҳизб аз нуфузи воло бархурдор аст.

Фаъолияти ҲХДТ пайваста густариш ёфта, он дар самти таъмини некӯаҳволии халқ, татбиқи барномаҳои ҳизб ва ҳам ҳукумат талошҳои рӯзафзун ба харҷ медиҳад. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар 20 адад мошинаҳои дарздӯзӣ ҳадя карданд. Акнун кумиҷроияи ҳизб сехи дӯзандагӣ таъсис хоҳад дод, ки дар натиҷа 20 нафар бонувони деҳот бо ҷои кор таъмин мегарданд. 48583856166_ceda2d956f_z

–Бунёди силсилаи биноҳои кумитаҳои иҷроия дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҳамкории судманди мақомоти вилоят ва маҳаллии он бо кумиҷроияҳои ҳизбӣ дарак медиҳад. Зеро ин иқдом аз дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (Дар ҷаласаи васеи КИМ ҲХДТ, 7 феврали соли 2019) маншаъ гирифта, дар вилояти Суғд бо ташаббуси Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода татбиқи амалии худро ёфта истодааст, – таъкид кард Раиси КИВ ҲХДТ Сатториён Матлубахон Амонзода.

Мавсуф қайд кард, ки ташриф, мавриди истифода қарор гирифтани бинои кумиҷроияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзову ҷонибдорони ҲХДТ-ро руҳу илҳоми тоза бахшида, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат заминаи хуберо барои равнақ бахшидани фаъолият фароҳам овард.

Сохтмони бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ моҳи марти соли равон оғоз гардида, дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати хеле баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.48584000947_f045123a41_z

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои кумиҷроия тӯҳфаи арзандаи Раиси муаззами ҲХДТ ва аъзову ҷонибдорони ҳизб ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ мебошад, зикр намуд Наврӯззода Имоммуҳаммад, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ. Вай миннатдории худро ба тамоми саҳмгузорони ин иқдоми шоиста изҳор карда, илова намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхорӣ фаъолияти ҳизбиро боз ҳам тақвият хоҳанд бахшид.

Бояд тазаккур дод, ки дар бунёди бинои мазкур аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия саҳм гузоштанд.IMG-20190821-WA0005 48583880276_155141c496_z

Бобоҷон ҚУРБОНОВ,

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>