Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Poseshhenie-Natsionalnogo-sada-Vahdat

ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» боздид ба амал оварданд.

Дар ҳудуди боғ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.

Дар намоиш навъҳои беҳтарини меваҷот, сабзавот ва полезӣ, аз қабили себ, шафтолу, нок, анҷир, олу, пиёз, қаланфур, помидору бодиринг, каду ва тарбузу харбуза ба маъраз гузошта шуд, ки аксари онҳо маҳсулоти «Боғи миллии Ваҳдат» аст

Ёдовар мешавем, ки “Боғи миллии Ваҳдат” 20 марти соли 2008 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд ва имрӯз он ба як мавзеи дилфиреб ва макони ризқофарии марди деҳқон мубаддал гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандон ба чиниши себ ва олу дар «Боғи миллии Ваҳдат» оғоз бахшиданд.

Майдони умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он, аз ҷумла дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва дар 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Дар муассисаи давлатии боғи миллӣ бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар ин ҷо 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бо вазъи моҳипарварӣ, ки дар се кӯли масоҳаташ 0,35 гектар роҳандозӣ гардидааст, шинос шуданд.

Дар ҳавзҳои он барои парвариши моҳиҳои гуногун, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳиҳои навъи “пешонағафси сиёҳ ва ало”, “карп” ва “амури сафед” сар дода шудаанд.

Дар қисми дигари «Боғи миллии Ваҳдат» Сарвари давлат ба чиниши олу оғоз бахшиданд. Тавре мушоҳида гардид, шохаҳои дарахтони боғ аз меваи бисёр сар хам кардаанд, ки ин аз фаровонҳосилии боғоти мамлакат шаҳодат медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ талабот ба меваҳои хуштамъ, шаҳдбор ва хушкмеваҳои хушсифати Тоҷикистон зиёд аст. Айни ҳол аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои ИДМ, Чин ва дигар давлатҳо меваю полезӣ ва сабзавоти тару тоза содирот мегардад. Аз ин ҳисоб шаҳрвандони мамлакат даромади соф гирифта, рӯзгори хешро беҳтар месозанд.

Бо дарки ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат боғҳои кӯҳна барқарор ва боғоти интенсивии меваҳои содиротӣ афзун мегарданд.

Баъди шиносоӣ бо вазъи боғоти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>