МУБОРАК ДАСТЕСТ МУБОРАКРО

0101

Муборак Холбобоева, сокини Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров , имсол 60 сола шуд. Роҳи тайкардаи ин зани ҳунарманд басо душвор, аммо намунаи ибрат аст.

Қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ, кашидадӯзиву сӯзанидӯзӣ, лагандаи кӯрпаву кӯрпача, дӯхтани ҷузвдонҳои занонаву тоқиҳои гуногун ва боз садҳои дигар лавозимоти рӯзгор ҳама аз дасти ҳунарманд Муборак Холбобоева меоянд. Ба ҳунари вай метавон мақоли мардумии «панҷ панҷааш ҳунар»- ро нисбат дод.

Ҳанӯз овони мактабхонӣ буд, ки дар қалби Муборак нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ меҳру муҳаббат пайдо шуд. Баъд аз хатми мактаби миёна ӯ ба маркази омӯзиши қолинбофӣ дохил гардиду аз нозукиҳои ин ҳунари миллӣ бархурдор гашт. Ҳамон қадаре, ки ҳунарҳи миллиро зиёдтар меомӯхту азхуд менамуд, ҳамон андоза шавқу ҳаваси ӯ нисбат ба пешаи интихобнамудааш бештар мешуд.

Давоми зиёда аз 15 сол Муборак Холбобоева дар мактаби рақами 10 – уми деҳа ба хонандагон нозукиҳои ҳунари қолинбофиро омӯзонид. Имрӯз бошад, дар маркази таълимии №7 – и чамоати мазкур бонувону духтарон аз ӯ на танҳо қолинбофӣ, инчунин, адрасу атласбофиро низ меомӯзанд. То ин дам даҳҳо нафар бонувон бо шарофати холаи Муборак аз ҳунарҳои миллии аҷдодӣ бархурдор гаштанду зиндагии худро пеш мебаранд. Дар урфият мегӯянд: «Ҳунар давлатест поянда ва чашмаест зоянда».

Ҳини ташриф ба манзили истиқоматияш Муборак Холбобоеваро сари кор, машғули дӯхтани сӯзанӣ дарёфтем. Кулбаи хоксоронаи ин бонуи ҳунарро ҷиҳози зебои рӯзгор, ки маҳсули дастони ҳунарманд ҳастанд, зеб медоданд. Аз намунаҳои маҳсули дастони ӯ пай бурдан душвор набуд, ки холаи Муборакро, воқеан, дастонест муборак.

Ҳар дақиқаи умр барои ин бонуи ҳунар ғанимат аст. Ӯ намегузорад, ки сонияе зоеъ сипарӣ гардад. Ба қавле, аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад ва аз гуле гулзоре ҳосил мекунад. Намунаҳои ҳунари дастони ӯ, бегуфтугӯ, ақли ҳар бинандаро асир мегардонанд.

«Ҳунар сармояи гарон аст. Инсонро дар ҳама давру замон аз мӯҳтоҷӣ эмин медорад» — мегӯяд Муборак Холбобева.

Маҳз ҳунар буд, ки Муборак Холбобоеваро дар зиндагӣ аз мӯҳтоҷӣ ни гоҳ дошт. Ҳанӯз ҷавон буд, ки таъмини оилаву тарбияи фарзандон ба дӯши худаш афтод. Шавҳараш барвақт тарки олам кард. Дарёфти қути лоямут, таъмини оилаву соҳибмаълумот гаштани фарзандон ба зиммаи танҳо зан монд. Бо «нӯги сӯзан» чаҳор фарзандро ба воя расонида, соҳиби маълумот ва хонаву дар намуд. Баъди марги ягона писараш таъмини оилаву тарбияи наберагон низ ба дӯши ӯ монд.

Келин ва духтаронашро низ ҳунарманд кард ва роҳи зиндагиро ҳама якҷоя ёфтанд.

Муҳиба, духтари калонии Муборак Холбобоева, ки ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад, мегӯяд, ҳунарманд будан машаққати зиёд металабад, лек вақте маҳсули дастони инсон хонаи нафареро зеб медиҳаду эҳтиёҷи касеро мебарорад, барои ҳунарманд аз ин дида болидарӯҳӣ намешавад.

Таърих собит сохтааст, ки шахси ҳунарманд дар ҳама давру замон болонишин буду ҳаст. Беҳуда намегӯянд, ки ҳунар ба инсон обрӯву нуфуз меорад. Мубрак Холбобоеваро низ атрофиён ҳамчун зани солор ва ҳунарманду чашмикордида эҳтиром мекунанд, зеро маҳсули дастони ӯ зеббахши хонадони мардуманд.

Малоҳат дар ҳамсоягӣ бо Муборак Холбобоева зиндагӣ дорад. Вай мегӯяд, ки вақтҳои холии худро дар ҳавлии Муборакхола бо омӯзиши ҳунарҳои миллӣ сипарӣ мекунад.

«Дари холаи Муборак барои занону духтарон ҳамеша боз аст. То ин дам даҳҳо нафар бемузд аз холаи Муборак нозукиҳои ҳунарҳои миллиро азхуд намудаанду зиндагии худро пеш бурда истодаанд».

Занону духтарони тоҷик аз азал дар хонаҳо ба дӯхтани сӯзаниву гулдӯзӣ, зардӯзиву қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ машғул мешуданд. Ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ имрӯз тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Гранти Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки  бо мақсади дастгирии рушди ҳунарҳои миллӣ рӯи кор омад, аз тадбирҳои муфиде буд. Ба Муборак Холбобоева низ имкон даст дод, ки дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ Гранти Раиси вилояти Суғдро соҳиб шавад. Имрӯз ин маблағро барои пешрафти фаъолияти ҳунармандияш истифода мебарад. Аз ин ҳисоб якчанд дастгоҳу таҷҳизоти лозима харид. Дастгохи қолинбофӣ, ки дар ҳуҷраи кории Муборак Холбобоева насб карда шудаанд, ба қавле василаи асосии дарёфти маблағу таъмини оилаи ин бонуи ҳунаранд.

Маҳсули ҳунари Муборак Холбобоева пайваста дар намоишгоҳҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ба қавле, зеббахши чорабиниву ҷамъомадҳои тоҷиконаанд. Қолинҳои бофтаву ҷомаҳои дӯхтаи ин бонуи ҳунар на танҳо мақбули мардуми тоҷик гардидаанд, балки таваҷҷуҳи хориҷиёнро низ ба худ ҷалб намудаанд.

«Аксар сайёҳони хориҷӣ, ки ба шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд, ҳатман аз намунаҳои ҳунарҳои миллии мо, тоҷикон, дидан мекунанд ва ҷиҳози мақбулро харидорӣ менамоянд» — қайд намуд Муборак Холбобоева.

Муборак Холбобоева солҳост, ки оилаи худро мардонавор таъмин мекунаду наберагонашро тарбия. Агар солҳо барои фарзандонаш вазифаи падариро низ мекӯшид, иҷро карда бошад, имрӯз ин вазифаро барои наберагонаш адо менамояд. Мекӯшад, то дар оила набудани мард эҳсос нагардад ва аъзои он аз чизе танқисӣ накашанд. Аз вазнинии зиндагӣ боре ҳам дахони шикоят боз накардааст. Ҳамин ҳунар буд, ки ӯро намегузорад, то дастнигари касе бошад.

Ба қавли холаи Муборак «ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз».

Мафтуна ИСМОИЛОВА

«Сухани халқ»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>