Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

48605886827_2d6b3ea0c8_z

ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамчунин бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро, ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якуми он ҳафт ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ утоқи корӣ мавҷуд аст.

Ҳамчунин бинои шиносномадиҳӣ дорои толори маҷлис бо 35 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ мебошад.

Гирду атрофи иншоотҳои мазкур, бо шинонидани зиёда аз 100 дарахти сояафкан ва 15 ҳазор гулҳои гуногуни мавсимии ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи март оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба анҷом расонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ баҳри мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии сохторҳои Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоидат менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>