Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии «Темурмалик»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд

48610249673_5cb6db6833_z

ДУШАНБЕ, 24.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҷабови шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи барқии «Темурмалик»-ро, ки дар масоҳати умумии 2600 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии 110 ва 10 киловолти «Темурмалик» дорои ду адад трансфарматори иқтидорашон 25000 киловолт — ампер мебошад.

Таҷҳизоти барқии муосири 10 — 110 киловолт дар иншооти мазкур ба талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Россия, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ шудааст.

Бунёду ба истифода додани чунин иншоотҳои зарурӣ аз тадбирҳои афзалиятноки ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи энергетикаи мамлакат буда, ҷиҳати кам намудани талафоти нерӯи барқ, таъмини барқ ба шабакаҳои барқӣ ва таъмини қувваи барқи мунтазам ба аҳолӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур, моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба анҷом расонида шудааст.

Дар иншооти мазкур 10 нафар кормандони муҳандисию техникӣ ва 60 корманди соҳаҳои мухталиф ба кор ҷалб гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>