Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

Peshvoi-millat-Emomal-Ra-mon

ДУШАНБЕ, 25.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргаштанд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 25 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов идома ёфта, дар доираи он Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шинос шуда, бо роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва сокинони вилоят суҳбатҳои самимию созанда доир карданд.

Дар доираи ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла марказҳои саломатӣ, мактабу кӯдакистон, корхонаҳои саноатии истҳсолӣ, парчаму нишон, биноҳои маъмурии бонки давлатии Тоҷикистон  «Амонатбонк», шуъбаи корҳои дохилӣ, амният, адлия, суд, нозироти андоз, роҳи мошингард, хати оби нушокӣ, боғи фарҳангӣ, қасри фарҳанг, зеристгоҳи барқии «Темурмалик»-ро ифтитоҳ карда, ба корҳои таҷдиди Неругоҳи Барқи Обии «Қайроққум» ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои вилоят бо нашъунамои пахта, кишти картошка ва рушди боғу токпарварӣ шинос шуданд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва Иди харбуза, ангур ва оши палав дастовардҳои меҳнаткашонро тамошо намуданд.

Дар ин сафар низ Пешвои миллат бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ба 300 нафар ятими кулли вилояти Суғд туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона гардидааст. Мавриди зикр аст, ки баъди ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ, ки маҳсулоташон ивазкунандаи воридот мебошад, садҳо ҷойи корӣ таъсис ёфт. Ин ҳам яке аз ҳадафҳои асосии бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Сокинони меҳнатдӯсти вилояти Суғд барои ҳамаи талошҳову тадбирҳои созанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои муаззами миллатро гарму самимӣ ва бо шукуҳи хоса гусел карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>