ҲХДТ: хонандагон дар меҳвари таваҷҷӯҳ

DSC_6765

Дар доираи аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт 25 нафар толибилмон бо сару либоси мактабӣ ва  лавозимоти хониш таъмин шуданд.

Баҳриддин Зиёӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки дастгирии иҷтимоии мардум яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳадафҳои барномавии ҳизб ба некӯаҳволии сокинон нигаронида шудааст.

Фирдавсхон Саидов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд перомуни таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба наврасону ҷавонон суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масоили марбут ба зиндагӣ ва таҳсили наврасону ҷавононро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар роҳи татбиқи ҳадаф ва ғояҳои созандаи худ ба ин қишри ояндабунёд такя мекунад.

Мутриба Бобоҷонова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоятӣ оид ба дастовардҳои замони истиқлолият сухан кард ва гуфт, ки баргузории аксияи “Роҳ ба сӯи мактаб” низ аз баракоти истиқлолият аст.

“Роҳ ба сӯи мактаб” идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>