Истиқлолият – дастоварди арзишманд

LOGO

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дастовардҳои шоиста ҷашн мегиранд. Дарвоқеъ, Истиқлолият барои ҳар як сокини Ватани азизамон неъмати бебаҳост ва он ифодагари рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ мебошад. Боиси ифтихор аст, ки мардуми сарбаланду шарафманди мо 28 сол муқаддам ниҳоли орзую армони ҳазорсолаи гузаштагонро бо номи Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ устувор намуданд.

Истиқлолият ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва номбардору шукӯҳафзои миллати кӯҳанбунёди тоҷик  мебошад. Истиқлолият шиносномаи ҳастии миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолияти сиёсӣ кишвари моро ҳамчун давлати мухтор ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард. Дар олам ҳеҷ як миллат ва мамлакате нест, ки соҳибистиқлолиятро нахоҳад, зеро таърихи башарият собит намудааст, ки ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо Истиқлолияти комил ва Ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст. Миллате, ки ин ду неъматро надошта бошад, шукуфоӣ ва хушбахтӣ дар мулки ӯ ҳаргиз пойдор набошад.

Миллати сарбаланди мо дар дарозои таърих барои Истиқлолияти хеш рӯзҳои сангинро аз сар гузаронидааст. Талошу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат буда, ки забону фарҳанг ва урфу одати миллати тоҷик то ба имрӯз устувору пойбарҷост. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гаштаанду давлат орому миллат дилшод гардид.

Бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу ваҳдат пирӯз гашт. Фарзандони ин миллати  баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолият  мекунанд. Халқи тоҷик бо сарварии Президенти хирадманди хеш пайи ободии Ватан ҷидду ҷаҳд намуд ва вазъи иқтисодӣ беҳтар гардид, тадриҷан коргоҳҳои нав, нақбу пулҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бунёд гаштанд. Дар ҳамин замина истеҳсолот рушд ёфт ва иқтисодиёти мамлакат пеш рафт. Бунёди биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ чеҳраи кишварро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод. Ба истифода додани Агрегати дуюми НБО Роғун дар рӯзҳои 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи бузургест барои мардуми сарбаланди тоҷик.

Мардуми мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани ин неъмати бебаҳо онро бо хушнудӣ истиқбол карданд. Сулҳи тоҷикон дар саросари ҷаҳон маъруф гашт ва мавриди омӯзиши марказҳои илмию таҳқиқотии олам қарор гирифт. Эътимоду арҷгузории мардум ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва муқаддасоти давлатӣ қавӣ гардид.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои хеш қайд намуданд, ки: “Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати  созанда ин пояҳои давлатдории миллатамонро боз ҳам таҳким бахшем”.

Аз ин рӯ, ин сарвати волою беназир барои ҳар яки мо — ватандорон азизу муқаддас буда, онро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиром намоем. Бигзор,Истиқлолияти давлатии  мо то абад пойдору устувор бимонад ва ба шарофати он халқи тоҷик дар арсаи таърих ҳамеша ҷойгоҳи сазовору пурифтихор дошта бошад.

 Солиева Муяссар 

 мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо

                                     занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>