Ҳидояту раҳнамоиҳои Раиси муаззами ҳизб

2019-08-20kmastchoh_muloqot_s

Ин куҳандиёр  дар саргаҳи водии Зарафшон воқеъ аст ва аз дер замон  бо номи  Кӯҳистон машҳур мебошад. Кӯҳистони  Мастчоҳ  бо одамони боғурури меҳнатдӯст, табиати фусункор, обҳои мусаффо ва меваю картошкаи болаззат машҳур гаштааст. Банди ин андешаҳо, тамошои манзараҳои атроф ва мулоқоти дар пешистодаи Пешвои миллат ва Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азоби роҳро аз Айнӣ то шаҳраки Меҳрон — маркази маъмурии Кӯҳистони Мастчоҳ ба осонӣ таҳаммул намудем.  Воқеан, Пешвои миллат дар суханрониашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони ноҳия аз душвории ин роҳ низ ёд оварда, ба масъулин ҷиҳати таъмиру таҷдиди он дастур доданд.

Шаҳраки Меҳронро, ки собиқа ҳамвории беобу алафе буд, бо биноҳои ҳозиразамони хушсохти маъмурию маишӣ, кӯчаҳои росту ҳамвор, сокинони хушсухану меҳрубон дарёфтем. Ин ҷо дар муддати нисбатан кӯтоҳ биноҳои зиёде, ки барои фаъолияти як маркази маъмурии ноҳия зарур аст, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд намудаанд. Яке аз ин иншоотҳое, ки арафаи боздиди Пешвои миллат ба таври ҳашар, дастҷамъона бунёд кардаанд, бинои дуқабатаи  Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия аст, ки Раиси муаззами  ҳизб дар маросими ифтитоҳаш бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят сӯҳбати пурмӯҳтаво анҷом доданд.

Ин сӯҳбатро мо, ҳизбиён чун дастури раҳнамо барои пешбурди корҳои ҳизбӣ пазируфтем. Раиси муаззами ҲХДТ иқдоми ҳизбиёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва кӯмаку дастгирии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро, ки дар муддати кӯтоҳ ба тариқи ҳашар барои Кумитаи иҷроия бино сохтаанд, ситоиш намуда, аз дастурашон ҷиҳати бунёди чунин биноҳои алоҳида барои Кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи марказии ҳизб соли 2018 баён карда буданд, ёдовар шуданд. Воқеан, ин дастури раиси ҳизб дар шаҳру навоҳии мамлакат ба маром ба иҷро мерасад . Аз ҷумла, бо дастгтирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои Кумитаи иҷроия қабати аввали бинои раёсати кишоварзии шаҳр бо утоқҳои барҳаво ва саҳни зебо ҷудо карда мешавад.

Баробари ин ва муҳимтар аз ҳама ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ, дар байни мардум шудан, аз фикру зикри онҳо бохабар будан, таҳлили равандҳои вазъи иҷтимоию сиёсии дар ҷомеа ҷойдошта , ташкили чорабиниҳои оммавӣ, саҳмгузорӣ дар омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Ин бардошти дигари ман аз сӯҳбати Пешвои миллат ва раиси  муҳтарами ҳизбамон аст.

Бардошти дигар таваҷҷӯҳи ҷиддии Пешвои миллат ба нақши донишандӯзӣ барои пешбурди ҷомеа ва пешгирӣ аз хатари ифротгароӣ аст. Тавре  раиси ҳизб таъкид намуданд, аксари онҳое,ки ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд, аз дониши дунявӣ бебаҳраанд ва зуд ба доми тарғиботи авомфиребона афтода, ба ҷоҳи ҷаҳли мураккаб фурӯ рафтаанд.

Ҳамчунин раиси муҳтарами ҳизб бо ёдоварии фоҷиаи хунин дар маросими арӯсӣ дар шаҳри Кобули мамлакати ҳамсоя, ки боиси марги даҳҳо нафар гашт, моро ҳушдор доданд,ки ба иҷрои ду қонуни миллӣ-  дар бораи танзими  анъана ва ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд  таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир намоем ва корҳои тарғиботиро дар ин самт пузӯр созем. Ба ин маънӣ зиракию ҳушёрии сиёсӣ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият хеле муҳим аст.

Ва ниҳоят бардошти дигар аз мулоқоти Раиси ҳизб бо ҳизбиён ин ошноии бештар бо тинати инсонии ин Инсони шариф аст. Вақте Пешвои миллат аз некию накӯкорӣ, сухани нек гуфтану амали некро пеша кардан мегуфтанд, ба ёди ман ҳамон панди бузурги Зардушт- Гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек, омад ва барои худ хулоса кардам, ки  дар охири садаи бистум раҳми Парвардигори мо омад ва ин фарзонафарзандро ба тахти тоҷикон нишонд то бо умеди нек ба ояндаи нек қадам ниҳем.

                                                                                     Мурод ШУКУРЗОДА,

                                                              раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

                                                                                дар шаҳри  Панҷакент   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>