Сӯҳбати судманду хотирмон

48584058166_b045560dd4_z

Ҳар як сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар пайомади хуб дошта, дар баробари вусъати ободониву созандагӣ ҳамчунин руҳияи мардумро нисбати фардои дурахшони миллат боз ҳам баландтар мебардорад. Муҳим он аст, ки Сарвари давлат бо дастуру ҳидоятҳои созанда, насиҳатҳои падаронаашон мардумро ба меҳнати ҳалол раҳнамун месозанд.

Сафари кории навбатии Сарвари давлат ба Суғдзамини бостонӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ шурӯъ гардида,  бори дигар гуфтаҳои болоиро собит сохт. Зеро дар баробари ифтитоҳи чандин иншоотҳои муҳим мулоқоти гарму самимӣ бо сокинон, пирони рӯзгордида аз мурдумсолории роҳбари муаззами давлат шаҳодат медиҳад. Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли ҳизбиёни вилоят аст, ки зимни ифтитоҳи бинои кумиҷроияи ноҳияии ҳизб Сарвари давлат бо раисони кумиҷроияҳо, масъулини дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ва фаъолон мулоқоти озоду самимӣ оростанд. Аз суханҳои пурҳарорати Раиси муаззами ҳизб эҳсос мешуд, ки таваҷҷуҳу эътибори доимиашон боз ҳам нисбати фаъолияти ин ташкилоти қудратманд афзуда, ба фаъолияти пурсамараи ҳизбиён арҷ мегузоранд ва барои пешрафти ҳизб боварию эътимоди комил доранд. Дар мулоқот аз мо ҳизбиён даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати амалисозии нуктаҳои Паёми Сарвари давлат ва ташвиқу тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, татбиқи амалии  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, ки ба зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, масъулиятро бештар эҳсос намоем ва ҷанбаҳои манфиатбахши қонуни мазкурро то ба мардум бурда расонем. Бо халқ будану аз вазъи иҷтимоии онҳо пайваста огоҳ шуданро тақозо намуда, баён доштанд, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҳамкориро вусъат бахшем. Навҷӯю навовар бошем, то сокинон эҳсос намоянд, ки пушти ин нерӯи қудратманд ҳомӣ ва пуштибони онҳо маҳфуз аст.

Ин таваҷҷуҳи рӯзафзуни Раиси муаззами ҳизб мо – ҳизбиёнро водор мекунад, ки аз ҳар вақта дида бештар ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи ҳизб, ки аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегираду «барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон гирифтааст, саъю талош варзида, барои пешрафт ва шукуфоии мамлакати азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

 Наим Маликисломӣ Мунаввар

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>