ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

Logo_001

Инак, соли нави хониш оғоз гардида, даргоҳи муқаддас, кошонаи илму маърифат дари худро ба насли ояндасози миллат боз хоҳад намуд. Бо ин рӯзи фараҳбахш аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд кулли устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагонро табрик намуда, орзуманди онем, ки соли хониши 2019 – 2020 соли пурбор аз комёбиву дастовардҳо мегардад.

Пас аз чанд лаҳза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми шодбошии худро ироа мекунанд, ки чун дарси сулҳ маъмул аст. Ин Паёми сарвари давлат раҳнамо ва дастури муфидест барои хониши хубу аъло ва пеша кардани одобу ахлоқи намунавӣ.

Воқеан, таълим, тарғибу ташвиқи сулҳ – ҳамчун арзиши олии зиндагӣ беҳикмат нест. Зеро асоси пойдории миллату давлат, саодатмандии халқи азизи кишвар сулҳу ваҳдат маҳсуб мешавад.

Мову шумо дар арафаи 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Самараи соҳибистиқлолӣ буд, ки кишвари мо дар зарфи 28 сол нобасомониҳои сиёсиро пушти сар карда, ба як кишвари муқтадиру пешрафта бадал шуд.

Ва бешубҳа устувориву пойдории соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ аз ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад ва ин неъмати бузурги зиндагӣ ба мо туфайли заҳматҳои мардуми сулҳдӯст, таҳаммулгарову дурбин ва хираду заковати боло, ҷоннисориҳои фарзонафарзанди миллат, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имсол ба таъсисёбияш 25 сол пур шуд, низ аз ғояи ваҳдатофари Пешвои миллат падид омада, асоси ин ҳизби мардумиро ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ дар бар мегирад. Дар барномаи фаъолияти мо маориф ва илм низ аз афзалияти хос бархурдор буда, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, мусоидат ба пешрафти соҳаи маориф омили асосии рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо марому мақсади ҲХДТ мувофиқ аст, ба маориф ва илм эътибори рӯзафзун зоҳир гардида, татбиқи босамари силсилаи барномаҳо рушди соҳаро фароҳам овардааст.

Мисоли равшани инро ҳангоми сафари ахири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд низ метавон пай бурд, ки зимни он чандин муассисоти соҳаи маориф бо имконоту шароити созгори таълиму тарбия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Имрӯз туфайли ММТ дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ низ шаффофу озод гардида, танҳо ба донишу савод такя мешавад. Чунин имконият муҳассилинро водор месозад, ки ба андӯхтани дониш аз остонаи мактаби миёна заминаи ояндаи худро гузоранд.

Волидон ва омӯзгорон ҷиҳати ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил бояд эътибори хоса зоҳир намоянд.

Ояндаи давлату миллат аз кадрҳои соҳибтахассус, босавод ва бомаърифати он вобастагӣ дорад. Зиндагӣ собит намудааст, ки танҳо чунин афрод дар ҷомеа мавқеъ ва ҷойгоҳи худро соҳиб мешаванд. Дар ин ҷода ба Шумо барор мехоҳем.

Рӯзи дониш муборак!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>