Терроризм — хатар ба амнияти ҷаҳон

IMG_20190831_141828

Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ зимни мулоқоти намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи “Рӯдакӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷалолзода Миршакар, раиси кумиҷроияи шаҳр дар бораи пайомадҳои ифротишавии ҷавонон суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм омили ваҳшоният ва ҷаҳолат буда, ба амнияти кишварҳои ҷаҳон хатарҳои ҷиддӣ пеш овардааст.

“Паст будани маърифати сиёсӣ, дониши динӣ ва сатҳи огоҳӣ аз ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ сабаби асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ин созмонҳо мешавад” — таъкид намуд раиси кумиҷроия.

Даъват карда шуд, ки дар раванди бадалшавии идеологияҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб дастҷамъона мубориза бурда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>