РЎЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДДҲБСТ

1

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи донишро сазовор истиқбол намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок карда, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни ин муассисаро табрик намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард: “Боиси фараҳу шодмонист, ки мо тантанаҳои Рўзи Дониш – Дарси Сулҳро дар остонаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон – Тоҷикистон таҷлили менамоем. Ин санаи муҳим аз шумори накўтарин ҷашнвораҳои миллату давлати мо буда, дар фазои рўҳбаландии бепоён аз раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад”.

Ин маънӣ дар суханронии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода низ ифода ёфт: “Самараи соҳибистиқлолӣ буд, ки кишвари мо дар зарфи 28 сол нобасомониҳои сиёсиро пушти сар карда, ба як кишвари муқтадиру пешрафта бадал шуд. Ва бешубҳа устувориву пойдории соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ аз ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад ва ин неъмати бузурги зиндагӣ ба мо туфайли заҳматҳои мардуми сулҳдӯст, таҳаммулгарову дурбин ва хираду заковати боло, ҷоннисориҳои фарзонафарзанди миллат, Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. ҲХДТ, ки имсол ба таъсисёбияш 25 сол пур шуд, низ аз ғояи ваҳдатофари Пешвои миллат падид омада, асоси ин ҳизби мардумиро ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ дар бар мегирад. Дар барномаи фаъолияти ҲХДТ маориф ва илм низ аз афзалияти хос бархурдор буда, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ, мусоидат ба пешрафти соҳаи маориф омили асосии рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад”.

Сатториён Матлубахон Амонзода дар идомаи суханронияш ояндаи давлату миллатро аз кадрҳои соҳибтахассус, босавод ва бомаърифати он вобаста дониста, ба  донишҷӯёни ин боргоҳ дар таҳсил барор хост.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ номаи шодбошии Раиси вилоятро ба муносибати Рўзи дониш ироа кард.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба хотири рушди илму маориф, таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои соҳа, ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Соли равон маблағгузории соҳаи маориф аз 793 миллион сомонии соли 2018 ба 938 миллион сомонӣ расонида шуда, даҳҳо иншооти соҳа мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар ин ҷамъомад муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ низ иштирок ва сухани шодбошӣ гуфтанд.

Чанд нафар бо ифтихорномаҳои ҲХДТ сарфароз гардиданд.ТГУ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>