Аксияи бошукӯҳ: «Нишоти модарон аз Кохи нур»

IMG_3400

Таҳти унвони «Нишоти модарон аз Кохи нур» дар қаламрави вилоят аксияи пуршукӯҳ баргузор гардид. Ин чорабинии мӯҳташамро КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми НБО “Роғун” доир кард.

Танҳо дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хуҷанд ин аксия бо иштироки беш аз 200 нафар бонувони фаъол ва ҷавонон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Иштирокчиёни аксияи мазкур бо шиорҳои идона, парчами давлативу ҳизбӣ аз бинои КИВ ҲХДТ ба ҳаракат омаданд. Онҳо бо раҳпаймоӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр раҳгузаронро бо воқеаҳои таърихӣ табрик карда, беш аз 1000 адад номаҳои табрикотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба мардум ҳадя намуданд.

Зимни ин аксия аз аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, аз ҷумла, бузургтарин меваи ин даврон – НБО “Роғун” ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд. Дар аксия Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоят иштирок доштанд.

Хотирасон мешавем, ки санаи 9 сентябри соли ҷорӣ, дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати дувуми НБО “Роғун” ба кор даромада, аз нури худ табъи идонаи мардумро боз ҳам болида хоҳад гардонд.

Аксияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд «Нишоти модарон аз Кохи нур» бо шодмониву сурур аз ин воқеоти таърихӣ роҳандозӣ гардидааст. Он дар як вақт бо саҳмгузории шӯъба ва бахшҳои кор бо занони кумиҷроияҳои ҳизб дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Аз ҷараёни аксияи мазкур дар дигар шаҳру навоҳии вилоят хабар дарҷ хоҳем кард. IMG_3429 IMG_3506

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>