Маҳфили хотирмон дар хона-музеи Мирзо Турсунзода

IMG_3546

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо маъмурияти хона-музейи Мирзо Турсунзода маҳфили адабиву фарҳангии телевизионӣ доир намуданд.

Ин маҳфили рангину хотирмон ба муносибати Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии таъсисёбии хона-музейи мазкур бахшида шуд.

Дар назди меҳмонон – фаъолони ҲХДТ, адибону донишҷӯён Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашни истиқлол табрик гуфт. Вай инчунин аз хидматҳои устоди барҷастаи сухан ва аҳамияти осори ин шоири шаҳири миллат ҷиҳати тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва тарғиби дӯстиву сулҳ ҳарф зад.

Аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба хона-музей як адад компютер ва ду адад қолин ҳадя карда шуд, ки ин боиси хушнудии маъмурияти он гардид. Иштирокдорони маҳфил таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг эътибори хоса дода, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои баргузидаи миллат ва ба ин васила, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, дар меҳвари фаъолияти ин ҳизби мардумӣ қарор дорад.

Дар маҳфил донишҷӯён аз ашъори устод Турсунзода шеърҳо қироат карда, аз ҳаёту рӯзгори ӯ саҳначаҳои ҷолиб ба намоиш гузоштанд.

Маҳфили телевизионӣ рӯзҳои наздик тавассути Телевизиони вилояти Суғд намоиш дода хоҳад шуд. IMG_3600 IMG_3609 IMG_3656

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>