САТТОРИЁН МАТЛУБАХОН АМОНЗОДА: ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

sattorova

Дар ҷаҳон садҳо халқияту миллатҳое ҳастанд, ки расидан ба Истиқлолияти милливу давлатӣ армони зиндагияшонро мемонад ва садсолаҳо барои дастёбӣ ба ин неъмат муборизаву ҷоннисориҳо мекунанд. Яъне, соҳибихтиёрӣ дар фаҳмиши тамоми халқҳои олам аз арзиши болое бархурдор буда, гиромидошти он ҳифзи нангу номус аст.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди суқути давлати қудратманду шўҳратёри Сомониён бештар аз ҳазор сол тоҷикон аз ин неъмати олӣ ба таври комил бонасиб набуданд. Вале даст ёфтан ба соҳибихтиёрӣ мудом дар шууру зеҳнҳои мардуми тоҷик чун ормони миллӣ ҷой доштааст.     Мисоли равшани ин дар талошу ҷоннисориҳои садҳо родмардони диёр ифода меёбад, ки новобаста аз давру замон ва шароитҳои гуногун кўшишҳои фаровонро барои муаррифии тоҷик ҳамчун халқи соҳибтамаддуну соҳибтаърих ва миллате, ки ҳуқуқи маънавии соҳибдавлат буданро дорад, ба харҷ медоданд.

Аммо, баробари ин, афроде низ будаву ҳастанд, ки теша ба решаи ин неъмати олӣ задаву мезананд. Ҳодисаҳои оғози солҳои 90-ум ниқоб аз рўи ин гуна афрод бадар кардаву ҳадафҳои нопокашон ошкоро ба амал омаданд. Гап дар сари нобасомониҳои сиёсии он солҳо меравад, ки аслан ба хотири заиф гардонидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳадафҳои дигари гурўҳҳои манфиатҷў ба миён омаданд.

Тоҷикистон нав соҳибистиқлолии худро эълом намуда, вақти он буд, ки бо муттаҳидиву якдилӣ пойдевори Истиқлолият – ҳастии миллатро мустаҳкам гардонем. Аммо, тоифае ки аслан хоҳони побарҷоии ин арзиш набуданд, ё мансабу шўҳратпарастӣ, манфиатҳои гурўҳии худро аз болотар қарор медоданд, ҷанги бемаънии шаҳрвандиро ба сари миллати тоҷик таҳмил карданд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин ишора карда буданд:

     “Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба Истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кўтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд”.

Бешубҳа, пайомадҳои ин ҷанги шаҳрвандӣ ба миллат сабақи таърихӣ доданд. Ба қадри сулҳ, истиқлолият хеле дер расидем, аниқтараш он рўзҳое, ки хомўш кардани алангаи оташи ҷанг ба назарҳо ғайриимкон менамуд, дарк кардем, ки ин арзишҳо чӣ қимате доранд.

Арзиши Истиқлолияти давлатии тоҷикон дар он ифода меёбад, ки вай ба ивази ҷоннисориҳо, сарсупориву азхуд гузаштанҳои зиёди фарзондони банангу ори миллат муяссар шудааст.

Дар ҷои дигар Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Ҳарчанд дар ин маънӣ хоксории Сарвари давлат аён аст, дар барқарории сулҳу субот хидмати Пешвои миллат мондагору беҳамтост.

Сулҳу ваҳдати миллӣ омили муҳими пойдории Истиқлолияти давлатист ва аслан ин ду арзиши олӣ ҳамдигарро пурра намуда, минбаъд ба инкишоф ва рушди ҳамаҷонибаи давлат замина гузоштанд.

Моро одат аст, ки дар солгарди ин ё он рўйдоди таърихӣ дастовардҳои як марҳилаи муайянро таҳлилу баррасӣ кунем. Аммо, зикру баёни дастовардҳои кишвар дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолӣ бо чанд ҷумла имконнопазир аст. Ҳамаи муваффақиятҳои ин марҳилаи сарнавиштсоз ва саршор аз дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву илмӣ барои кулли халқ чун оина равшану гўё аст. Ва муҳимтар аз ҳама ин дастовардҳо, ки бо худ арзиши беҳамтои зиндагӣ – Истиқлолияти давлатиро пайванд доранд, дар саҳифаҳои китоби таърихи давлатдории навини кишвар бо ҳарфҳои зарин навишта шуда, касе ҳуқуқи маънавии инкор намудан ва ё далеле барои ин мисол надорад.

Омиле, ки як кишвари дар ҳоли таназзулро ба давлати қудратманду рў ба тараққӣ ноил гардонд, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, азму иродаи дурусту созандаи мардуми сарбаланди тоҷик ва самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Чунончӣ, Сарвари давлат қайд намудаанд: “Маҳз Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерўбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад”.

Баҳри ноил шудан ба истиқлолияти комил тадбироти ҳадафрасу муфиде ба анҷом расонда шуданд, ки олитарини он бунёди НБО “Роғун” мебошад.

     “Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию иқтисодӣ, аз рўзҳои аввал бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми тоҷик тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо ба бунёди нерўгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои мутахассисону коргарони он сафарбар намуд. Зеро мо амиқан дарк мекардем, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад”, – ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи нахустагрегати нерўгоҳи мазкур зикр намуда буданд.

Бунёди ин нерўгоҳ, ки туфайли беҳамтоияш “иншооти аср” унвон кардаанд, барои миллати тоҷик афсонае беш набуд. Азми қавии Пешвои муаззами миллат буд, ки ба ин кори бузург оғоз бахшида, инак, Рўзи Истиқлолияти давлатӣ чархаи дувуми он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Воқеан, ин муҳимтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Бо фаъол гардидани агрегатҳои нахустини нерўгоҳи мазкур ва инчунин даҳҳо нерўгоҳҳои хурду бузурги дигар барои рушди иқтисодии кишвар имкониятҳои нав фароҳам омаданд. Ин ғояи таҳким бахшидани соҳаи саноати кишварро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби Сарвари давлат саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чаҳоруми олӣ эълом гардид.

Мо хуб медонем, ки барои рушд таъмини иқтисодиёт бо энергия ногузир аст. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи саноати кишвар бо пояҳои моддиву техникии аз замони шўравӣ мерос гирифтааш, ки бинобар ҳамчун манбаи ашёи хом истифода шудани Тоҷикистон фаъолияти коргоҳҳо низ ба он мутобиқ буд, дар ҳолати ногувор қарор гирифт. Чунин шароит таҷдид ва ислоҳоти куллии соҳаро талаб мекард ва хушбахтона ин кор марҳила ба марҳила амалӣ гардида, ба василаи бунёди корхонаҳои зиёди саноат ҳазорҳо ҷойҳои нави кор фароҳам омаданд. Ин боиси рушди иқтисодӣ ва инчунин беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум гардид.

Вале рушди босуръати технологӣ ва авҷи рақобатҳои иқтисодӣ ислоҳоти амиқи соҳаро ба миён овардааст, ки зарурати эълом намудани ҳадафи чаҳорум дар он зоҳир мешавад.

Аз боҷи гумрук ва номгўе аз андозҳо озод намудани содироти ашёи хоми барои саноат пешбинишуда ва дигар имконоту имтиёзоте, ки фароҳам карда шуданд, бегумон, ба рушди соҳа такон хоҳад бахшид. Ва ин тадбирҳо ба таъмини нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Маъмулан, чунин ҳадафҳои олӣ, бо назардошти стратегия ё дурнамои рушди кишвар ба миён меоянд ва татбиқи онҳо ба таври дарозмуддат амалӣ мегардад. Хулосаву мушоҳидаи амалишавии чаҳор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки вусъату суръати бесобиқа касб кардаанд. Бунёду сохтмони роҳҳо, пулу нақбҳо, ки ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нигаронида шудаанд, собиқа надоранд.

Ҳамин гуна равандро дар татбиқи босамари ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ низ метавон дучор гардид. Ҳамаи ин тадбирҳо ниҳоят боис шуда истодаанд, ки сатҳи шароити зиндагии халқ куллан тағйир ёбад.

Тавре дар боло зикраш рафт, татбиқи пурраи ин ҳадафҳо зиндагии шоистаи мардумро дар пай дорад ва сарҷамъиву муттаҳидиро тақозо мекунад. Ин ҷо масъала боз сари ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таҳким бахшидани он ва инчунин ваҳдату ягонагӣ меравад, ки омили муҳим ва асосии дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоианд.

Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид зимни як суханронии худ фармудаанд: “…мураккаб шудани вазъи геосиёсии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияту озодии давлатҳои миллӣ масъалаи зиракиву ҳушёрии сиёсии шаҳрвандони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ҳифзи давлату давлатдориро торафт мубраму муҳим мегардонад. Дар чунин шароит мо бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд”.

Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки “ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад”. Воқеан, шароити пурпечутоб ва мураккаби ҷаҳонишавӣ аз таҳдиду хатарҳо орӣ нест. Чунин ҳолат ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро талаб мекунад.

Тарбия ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, содиқ будан ба миллату давлат ва хизмати беғаразона баҳри ободии Ватан дар таҳкими пойдевори миллат – Истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим дорад.

Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар самти татбиқи сиёсати дохилӣ ҳимояи истиқлолияти давлатӣ дар маҳаки асосӣ қарор мегирад. Дар он қайд мешавад, ки ҳимояи истиқлолияти давлатӣ “дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоди сиёсӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад”.

Дар ин партав ҲХДТ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ягонагии халқ ва дигар масоил эътибори ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Дар ҳақиқат, ҲХДТ, ки зодаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро дар меҳвари фаъолият ва ҳадафи худ қарор додааст. Ин ҳизб бо ибтикори Раиси муаззами он, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба майдони сиёсат ворид шуд, ки баъзе аҳзоб ва гурўҳу ҳаракатҳои бо ном ҷамъиятиву сиёсӣ дар тезутунд гардидани вазъи сиёсии кишвар нақшу мақом доштанд. ҲХДТ бо фаъолияти густурда ва муборизаҳои зиёд, ки аз манфиати халқу миллат маншаъ мегирифтанд, ба ҳадафаш ноил гардид. Дар фосилаи 25 соли фаъолият он ба ҳизби мардумӣ табдил ёфта, ҳизби пешоҳангу раҳнамо низ унвон мекунанд. Зеро бештар аз панҷсад ҳазор нафар аъзо ва гуфта метавон, ки аз ин ҳам зиёдтар ҷонибдорони мо бо шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолияти устуворонаро пеш гирифта, дар ободонии диёри азиз ҳиссаи сазовор доранд. Онҳо ва кулли мардуми кишвар ба хубӣ дарк мекунанд, ки рушди ҳамаҷонибаи давлат аз устувории сулҳу оромӣ ва пойдории истиқлолияти давлатӣ вобастагии мустақим дорад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>