Дониш талабу бузургӣ омӯз!

IMG_3357

Таҳти ин унвон дар толори раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Рӯзи китоб чорабинӣ доир шуд. Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Китобхонаи марказии донишгоҳ бо мақсади арҷгузорӣ ба китоб ва баланд бардоштани завқи китобдӯстии ҷомеа амалӣ гардид.
Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд аз аҳамият ва зарурияти таҷлили рӯзи китоб сухан гуфт.
“Баланд бардоштани маънавиёти мардум, ки аз китобу китобдорӣ маншаъ мегирад, меҳвару ҷавҳари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ба масъалаҳои таҷдиди мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ, таҳияву таълифи китобҳои дарсии давраи нав ва дастурҳои методӣ, ташкили китобхонаҳои электронӣ ва табъу нашри осори адибону нависандагон эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт тадбирҳои имконпазирро амалӣ мекунад”- таъкид намуд Сатториён Матлубахон Амонзода.
Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати рӯзи китоб табрик гуфта таъкид намуд, ки таҷлили ин санаи фараҳбахш дар арафаи 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи нек ва шоиста аст.
Гуфта шуд, ки дар сатҳи арзанда таҷлил шудани рӯзи китоб дар муассисаҳои олии кишвар аз сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ маншаъ гирифта, самараи неки истиқлолияти миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, миёни иштирокчиёни чорабинӣ оид ба муҳтавои асарҳо озмун гузаронида шуда, ба ғолибон аз ҷониби раёсати КИВ ҲХДТ чанд номгуйи китобхои арзишманд тақдим карда шуд.
Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ба Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ барои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии чомеа Сипоснома тақдим намуд.IMG_3278IMG_3267IMG_3354

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>