Нишоти модарон аз кохи нур

аа

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳамоиши “Нишоти модарон аз кохи нур” бо иштироки доираи васеи аъзоён ва ҳаводорони ҳизб баргузор шуд.

Аз ҷумла, ин ҳамоиш дар саҳни бинои коллеҷи тиббии шаҳр ҳамчун иди бошукӯҳ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурӣ ва ба истифода додани чархаи дуюми НОБ “Роғун” доир гардид. Муовини раиси кумитаи иҷроия, мудири шӯъбаи кор бо занон Парвина Тошева, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилоот Бурсибой Лутфуллоев, роҳбари дафтари матбуот Турдибой  Солеҳзода, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ дар бораи роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, нақши  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими он ва бунёди иншооти бузурги аср – НОБ “Роғун” сухан карда, таъкид намуданд, ки бо ба истифода додани ҳамаи чархаҳои он Тоҷикистон ба бузургтарин сордиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Чунин ҳамоиши бошукӯҳ дар бозори Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва бозори марказии шаҳр низ бо иштироки садҳо нафар баргузор шуд. Кормандони кумитаи иҷроия ва ихтиёриёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба иштирокчиёни ҳамоишҳо табрикномаи кумитаи иҷроияро ба муносибати ин санаҳои фархунда супориданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>