Ҳадяи хурсандӣ ба мардуми Хуррамзамин

IMG_20190904_180444

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин чорабинии хотирмоне ташкил кард, ки ба Иди Истиқлолияти давлатӣ бахшида шуд.

Деҳоти мазкур, ки наздисарҳадӣ мебошад, сокинонаш аз шодбошӣ ва чорабинии рангини ҳизбиён хушнуд гардиданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ойбек Насруллозода ҳозиринро ба муносибати бисту ҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва истифода додани агрегати дуввуми НБО “Роғун” муборакбод намуда, қайд кард, ки бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолият расем.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хуррамзамин” Бахтиёр Ахмедов изҳор дошт, ки сокинони ҷамоат барои таҳкиму пойдории истиқлол ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳандӯстӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Дар фарҷом барои сокинони ҷамоат консерти идона ташкил карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>