ТАБРИКИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиклолият барои газет

Бароятон бузургтарин ҷашни миллӣ – 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, рўзгори ободу пурсаодат, комёбиву пирўзиҳои беназир орзумандем!

Инак, аз қабули Истиқлолияти давлатии кишварамон 28 сол пур гардида, ин фосилаи кўтоҳи таърих барои бунёди давлати миллӣ, рушди назарраси соҳоти мухталифи кишвар заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Дар ин давр Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнату талошҳои босамари халқи азизаш ба як давлати рў ба рушду муқтадир табдил ёфт. Барои расидан ба ин рўзи пурнишот зарур омад, роҳи пурфарозеро тай намояд. Даст ёфтан ба сулҳи деринтизор, ки омили пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо машаққатҳои зиёд муяссар гардид. Бинобар ин, ҳифзу таҳкими ин пойдевори миллат вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандўст маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фаъолияташон ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ решапайванд аст, омили рушди ҳамаҷонибаи давлату миллатро дар таҳкиму ҳифзи ин арзиши олӣ арзёбӣ карданд. Дар ин ҷода мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла аъзову ҷонибдорони ҲХДТ нақш ва саҳми шоиста доранд.

Ҳифзи Истиқлолият дар барномаи ҲХДТ мавқеи муҳим дошта, татбиқи амалии онро кулли ҳамсафон рисолати муҳими худ мешуморанд.

Бигузор, пойдевори Истиқлолияти давлатӣ устувор, ваҳдату ҳамдилӣ ҷовидон ва Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мудом партавафшон бошад.

Рўзи Истиқлолияти давлатӣ муборак!Истиклолият барои газет

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>