Бори каҷ ба манзил намерасад

Logo_001

Тероризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи зуҳуроти даҳшатнок дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Моҳияти асосии терроризм, радикализм тундравӣ дар расидан ба ҳадафҳои сиёсиву идеологӣ буда, ҷомеаро ба хушунат, муқовимати мусаллаҳона бар зидди давлатҳои орому осуда, харобиву ноамнӣ ва куштору ғорат мувоҷеҳ кардан аст. Оқибатҳои кори фалокатоварӣ террористон кулли мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Ҳодисаҳои дар Сурияю Ироқ ба амал омада ин натиҷаи амалисозии нақшаҳои гурӯҳҳои террористии ба ном “давлати исломӣ” ва салафияи кишварҳои бегона мебошад. Ифротгароён бар он мекӯшанд, ки ҷавонони давлатҳои мусулмониро бо маблағи зиёд ба тарафи худ ҷалб намоянд. Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳшудаи кишвари мо ба доми фиреби ин гурӯҳи ифротгароён афтода, рӯзгори осудаву ором, падару модар, зану фарзанд ва ватани худро тарк намуда, дар кишварҳои ҷангзада, дар шароити вазнину ғайриинсонӣ ва хориву зорӣ ба манфиати бегонагон ва зархаридони хориҷӣ меҷанганд.

Дар ҷаҳон зиёда аз 500 гурӯҳи созмони террористӣ амал мекунад, ки боиси марг ва фалокатҳои даҳшатовар дар рӯзгори мардуми осоишта ва бегуноҳ мегарданд. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмиллалӣ мебошад, ки соли 2017 63% зиёд шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул гардида буд, ки мақсади он ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубориза ба ин вабои аср мебошад.

Дар кишвари мо дар асоси қонун фаъолияти гурӯҳи ба ном “давлати исломӣ” ҳамчун гурӯҳи ҳизби террористӣ мамнӯъ эълон гардидааст.

Шароити пуртазоди муосир тақозо дорад, ки мо беш аз пеш зиракии сиёсиро аз даст надода,

 

 

Саидова Моҳинисо

омӯзгори Колеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>