Роғун – иншооти тақдирсоз

20190906_101531

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод бо намояндагони бахши фарҳанги ноҳия мулоқот намуданд.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ – ифтитоҳи чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар рӯзи истиқлоли давлатӣ мавзӯи меҳварии мулоқот маҳсуб мешуд.

Раҳимзода Шаҳриёр, мудири шуъбаи таблиғоти кумиҷроияи ноҳия гуфт, ки истиқлоли миллӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик марҳалаи тозаи бунёди ҷомеаи навинро фароҳам овард.
“Яке аз дастовардҳои нодири замони истиқлоли кишвар сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун маҳсуб меёбад, ки ифтитоҳи чархаи дуюми он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо хати зарин сабт хоҳад гашт.

“Роғун ормони миллии мардуми тоҷик аст, ки бунёди он яке аз чор ҳадафҳои стратегии кишварро дар амал татбиқ месозад. Роғун на танҳо эҳтиёҷоти дохилии барқро қонеъ мекунад, инчунин, Тоҷикистонро ба давлати содироткунандаи нерўи барқ табдил медиҳад” – таъкид шуд дар мулоқот.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>