Хониши сиёсии навбатӣ дар КИВ ҲХДТ

IMG_70000000000

Ин навбат зимни хониши сиёсӣ дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ — ифтитоҳи чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқии обии Роғунро матраҳ намуданд.

Фирдавсхон Саидов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар бораи аҳамият ва муҳимияти бунёди ин иншооти муҳими аср сухан кард. Таъкид гардид, ки ба фаъолият оғоз намудани нерўгоҳи барқи обии “Роғун” барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмўъ пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.  Гуфта шуд, ки баъди ба истифода додани нерўгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноат ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави кор таъсис ёбанд.

“Роғун, баробари ба фаъолият оғоз намудан метавонад яке аз манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерўи барқ гардида, имкон медиҳад, ки на танҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои ҳамсоя низ бо нерўи барқ таъмин шаванд” – қайд намуд Фирдавсхон Саидов.

Нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сохтмони ин нерӯгоҳи ҳаётан муҳим аз мавзӯи дигари соати сиёсӣ буд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Шумораи  зиёди кормандони нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” аъзои Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд ва мо дар арафаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати якум беш аз сад нафари онҳоро, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб содиқона заҳмат мекашанд, бо мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои пулию молӣ қадрдонӣ кардем”.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи вилоятӣ қайд намуд, ки нерўгоҳи барқи обии “Роғун” боз як воситаи  муаррифии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Зеро сарбанди нерўгоҳи “Роғун”, ки бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, имкон аст ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил гардад.

Ҳамзамон, чанде аз рӯйдодҳои дигари актуалии дохилу хориҷи кишвар ҳини хониши сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аминҷон Шарифзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии ин иншооти тақдирсоз буда, ҳизбиён ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ нақши муассир доранд.

Аз кормандони КИВ ҲХДТ даъват карда шуд, ки ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ ва омодагӣ ба дигар маъракаҳои муҳими сиёсӣ корбарӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>