Маҷлиси ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

1

Дар ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси ҳисоботӣ оғоз гардид.

Аз ҷумла, чунин маҷлис дар ТИ минтақаи Ғозиён гузаронида шуд.

Аз рӯи рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ шунида шуда, аз 296 нафар аъзои ҳизб 6 нафар вакил ба Конфронси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб шуданд.

Солиева М, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳия перомуни татбиқи ғояҳои ҳизб суханронӣ намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид дод. Ба аъзои фаъоли ҳизб сипоснома ва  ба 10 нафар узви тозаинтихоб  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Маҷлиси ҳисоботӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>