Бӯстон: ҳизбиён мизи мудаввар оростанд

IMG_20190911_081208

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 — солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати дуюми НБО «Роғун» мизи мудаввар доир шуд.

Мутриба Бобоҷонова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирокчиёнро ба муносибати рӯйдодҳои муҳими таърихӣ аз номи роҳбарияти кумиҷрояи вилоятӣ табрик гуфт.

Ҷалолзода Миршакар, раиси кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи сиёсии кишвар суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, ба 15 нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, як қатор кормандони ташкилоти ибтидоии «Табиб» бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>