Панҷакент: сафи ҲХДТ меафзояд

2

Чил нафар кормандони муҳандисӣ — техникии ҶСК “Шабакаҳои барқи  Панҷакент” ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваст шуданд.

Мурод Шукурзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент ҳини супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ перомуни ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ сухан кард.

Гуфта шуд, ки ҲХДТ иқтидори тавонои пешрафти кишвар буда, 500 ҳазор ашхоси арзандаро мутаҳҳид намудааст.

“Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан, пеш аз ҳама, масъулияти бузург аст. Ҳар як узви ин нерӯи сиёсӣ ҷиҳати татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки ба таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, масъулият бар дӯш дорад” — таъкид намуд Мурод Шукурзода.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>