Роғун – ифтихори миллӣ

emomali_rahmon_090919

Соҳибватан будан бахти баланди ҳар инсон аст. Воқеан ҳар сокини худогоҳи Тоҷикистон аз он ифтихор мекунад, ки соҳиби ватани биҳиштосо ва ҳадяҳои бебаҳои таърих – истиқлоли миллӣ гаштааст.  Истиқлолу Ваҳдат олитарин ва арзишмандтарин дастоварде буд, ки  ба бунёди Тоҷикистон пойдевори побарҷоеро асос гузошт.

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ ба тантанае мубаддал гашт, ки  хурду бузурги  мамлакат бо дарки шинохти асли хеш, ба даст овардани арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти кишвар онро бо шукӯҳ ҷашн мегиранд. Беҳтарин дастовари мардум ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ чун анъанаи нек бунёди иншоот, муассисаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, сохтмони роҳҳо, расидан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ маҳсуб ёфта, бо мароми созандагӣ рисолати бунёдкориро ба ҷой меоранд.  Ҷашни Истиқлоли миллӣ ҳамасола бо  шукӯҳи  хотирмон таҷлил гардида, саҳфаи таърихи пурҷилои Тоҷикистонро мунаққааш мекунад.

Бистуҳаштсолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  сокинони сарбаланди ин сарзамин бо шукӯҳи бештару фараҳи афзун истиқбол намуданд. Зеро тантанаи бузурги миллӣ ба тантанаи ифтихору номуси  ватандорӣ тавъам гардид. Дар ин рӯз чархаи дуюми НБО “Роғун” ба истифода дода шуд.

Роғун, ки дар радифи Истиқлолу Ваҳдат  ҳамчун вожаи муқаддас дар замири ҳар сокини Тоҷикистон ҷой гирифтааст, чун шиносномаи миллат нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар афзун намуд.

НБО “Роғун” чун мактаби фидокорӣ дар роҳи бунёди Ватан собит намуд, ки ин халқи созанда метавонад ормонҳои миллии худро дар амал татбиқ намояд. Бунёди ин иншооти тақдирсоз аз он шаҳодат дод, ки ҳар сокини бонанги кишвар  зери раҳнамоии Пешвои муаззами худ бунёдкори ояндаи дурахшони Ватан мебошад.

Иродати шикастнопазир, хиради фитрӣ ва раҳнамоии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ин иншооти бузурги аср ба ҳар соҳибватан илҳоми тоза бахшид.

Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд  “Роғун омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад”.

Баробари он ки Роғун имрӯз маҳаки рушди иқтисоди кишвар қарор гирифт, дар замири ҳар сокини  Тоҷикистон  чун тимсоли ифтихори ватандорӣ ва ғурури миллӣ маскан ёфт.

Корзори Роғун афсонае буд, ки ба ҳақиқат табдил ёфт.

Мояи ифтихор аст, ки адибону донишмандон, сокинони касбу кори гуногун, ҳар шахси бедордил ва ҷомеаи Тоҷикистон  ин Кохи нурро тараннум мекунанд. Воқеан Роғун дар радифи Тоҷикистон,  Истиқлолу Ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат чун муқаддасоти кишвар сазовори тарраннум ва эҷоди садҳо достонҳост.

 

Туйғун Шарифзода

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

                                         дар ноҳияи Зафаробод         

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>