ҲХДТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Logo_001

Имсол аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони Истиқлолият буда, 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфтааст.

Масъулини ин нерўи сиёсии кишвар мегўянд, ки ҲХДТ дар асоси ормонҳои халқ таъсис ёфта, ҷиҳати тақкими суботи сиёсӣ ва сулҳу оромии кишвар нақши созанда дорад. “Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ маҳсуб ёфта, ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ваҳдати миллӣ самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад”, – мегўяд Анвар Ҷалилов, раиси Шўрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Бино ба гуфтаи ў, масоили таҳкиму пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар Барномаи ҲХДТ низ аз афзалияти хос бархурдор аст. Гуфта мешавад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун иқтидори тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ, хоса  Истиқлолияти давлатӣ нақши муассиру мондагор дорад.

Муаррихону сиёсатшиносон бар он назаранд, ки расидан ба Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти масъалаи ҳифз ва таҳкими ин арзиши олии миллиро низ саривақтиву муҳим арза медорад. Яъне, ҳимояи истиқлолият ва амнияти милливу давлатӣ низ талошу муборизаро тақозо мекунад.

Ин аст, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва нерўҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мақсади ҳифзи Истиқлолият иқдомоте роҳандозӣ мегардад. Дар ин асно нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар таҳкими суботи сиёсӣ муассир унвон мешавад. Карамулло Одилов, собиқадори ҲХДТ, ҳифзи Истиқлолиятро меҳвару ҷавҳари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маънидод мекунад. “Ҳимояи Истиқлолият дар меҳвари фаъолияти ҳизб қарор дошта, ин нукта аз шиори ин нерўи сиёсӣ “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” ба хубӣ маълум аст. Оғоз аз рўзи нахустини таъсисёбӣ ҲХДТ бо мақсади ҳимояи истиқлолияти миллӣ садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ ва демократия эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад”.

 

Мубориза бо терроризм дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ

Маълум аст, ки раванди ҷаҳонишавии муосир ва бадалшавии идеологияҳо ба амнияти кишварҳо таҳдидҳои ҷиддӣ пеш овардааст. Ҳамакнун, терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб омили ваҳшоният ва ҷаҳолат гардида, ба истиқлолияти давлатҳои дунё зуҳуроти хатаровар унвон мешаванд.

Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мегўянд, ки ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб ба ҳифзи суботи сиёсӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатӣ нигаронида шуда, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ барои суботу оромии кишвар фаъолият мебаранд.

“ҲХДТ барои ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм эътибори ҷиддӣ медиҳад” – ин нукта иқтибос аз Барномаи ҲХДТ аст. Мо дар ин қисмати матлаб ибораи “эътибори ҷиддӣ”-ро ташреҳ мекунем ва ба ин суол, ки ҲХДТ ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ кадом корҳоро анҷом медиҳад, посух меҷўем.

Наим Маликисломӣ Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мегўяд, ки ҲХДТ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дониши сиёсӣ ва таъмини сатҳи огоҳии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, ки омили муҳими пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гурўҳҳои ифротӣ маҳсуб мешавад, силсилаи мулоқоту вохўриҳоро ба роҳ мемонад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи сентябри соли 2018 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба “давлати исломӣ” 1899 нафар пайваст шудаанд, ки аз ин шумора 75%-ро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, ҲХДТ аз нерўҳои ташаббускори кишвар аст, ки мубориза бо терроризму экстремизмро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ин замина ба масъалаи шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурўҳҳои ифротиву иртиҷоӣ низ аҳамияти махсус медиҳад.

“Намояндагони ҲХДТ дар шаҳрҳои мухталифи Федератсияи Русия бо муҳоҷирон мулоқот намуда, оид ба ҳадафҳои ғаразноки созмонҳои террористӣ ва пайомадҳои пайвастшавӣ ба чунин гурўҳҳо сўҳбат мекунанд”, – мегўяд Наим Маликисломӣ.

 

ҲХДТ ва дастовардҳои Истиқлолият

Муаррихон ба он назаранд, таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассоси кишвар аз зумраи дастоварди  Истиқлолият аст, ки мардуми зиёдро атрофи як ғояи созанда муттаҳид намудааст. Гузашта аз ин, гуфта мешавад, ки дастовардҳои нодири кишвар бо номи Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳини суханронӣ дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ ( 7-уми январи соли 2019) таъкид намуданд, ки “…аксари ҳодисаҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд”.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум, бунёдкориву созандагӣ, барпо намудани муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ,  роҳу пулҳо, нерўгоҳҳо, корхонаҳои саноат ва ташкили ҷойҳои нави кор, ки аз дастовардҳои замони Истиқлолият маҳсуб меёбад, саҳми созгор дорад.

Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо бунёди нерўгоҳи барқии обии “Роғун” маънидод мешавад, ки нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бузург аст. Ин маънӣ дар суханронии Пешвои муаззами миллат низ ифода ёфтааст: “Шумораи  зиёди кормандони нерўгоҳи барқии обии “Роғун” аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд ва мо дар арафаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати якум беш аз сад нафари онҳоро, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб содиқона заҳмат мекашанд, бо мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои пулию молӣ қадрдонӣ кардем”.

Бино ба маълумоти оморӣ шумораи умумии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2019 наздик 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамрохон Атаева, собиқадори ҳизб мегўяд, ки ҲХДТ ҳамчун нерўи тавоно ва созанда ашхоси арзандаро аз ҳисоби олимону адибон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, собиқадорону шахсони барўманди диёр дар атрофи мафкураи созанда сарҷамъ намуда, ба иқтидори пешбари ҷомеаи муосир мубаддал шудааст.

Ҳизбиёни  ҷавон

Аз 500 ҳазор нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 176 ҳазор нафарро намояндагони қишри ояндасоз – ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нерўи сиёсӣ танҳо дар вилояти Суғд 55 ҳазор нафар ҷавонони фаъолу пешқадам ва болаёқатро сарҷамъ намудааст.

Фирдавсхон Саидов, мудири шўъбаи кор бо ҷавонони КИВ ҲХДТ мегўяд, ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо ҳадафҳои Ҳукумати кишвар тавъам аст, нақши бориз доранд. “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерўи ояндабунёди ҷавонон эътимод дорад ва дар амалисозии ғояҳои созандаи худ ба қудрати бунёдкоронаи онҳо такя мекунад. Нақши ҷавонон, ки аъзои ин нерўи тавонои сиёсӣ ҳастанд, дар дастовардҳои замони Истиқлолият низ бузург аст. Имрўз аъзои ҲХДТ аз ҳисоби олимони ҷавон ва ғолибони мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилал  торафт зиёд мешавад”.

Шўҳрат Саидов, раиси Шўрои олимони ҷавони вилояти Суғд мегўяд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди ҷавонон буда, ҷињати дастгирии ин қишри ояндасоз иқдомҳои шоиста роҳандозӣ мекунад. “Имрўз намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, хоса ҷавонон орзу ва мароми худро дар ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ мебинанд ва ба ин нерўи созандаи сиёсӣ эътимод доранд. Маҳз ғояи олӣ ва мақсаду ҳадафи созандаи ҲХДТ аст, ки имрўз нуфузи  ин нерўи сиёсӣ торафт меафзояд ва миёни халқ ҳамчун њизби мардумӣ соҳиби обрў ва мавқеи баланд аст”.

“Таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи ваҳдату ягонагӣ аз ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад. Зеро рушди устувори миллӣ аз ин ду арзиши олии зиндагии мо сарчашма мегирад”, – мегўяд Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд. “Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Рањмон ҷиҳати расидан ба мақсадҳои олии ҳизб кўшиш ба харҷ дода, ҳифзи Истиқлолият ва таъмини суботи сиёсиро минбаъд низ дар меҳвари фаъолияти худ қарор медиҳад ва дар ин самт тадбирҳои имконпазирро амалӣ мекунад”.       

 

Мафтуна ИСМОИЛОВА,

“Сухани халќ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>