Фарҳанги истифодабарии интернет

0-02-0a-a82415061d2e01ac369c466de3bf4fe24d67537655252dbc9aded43d7d900828_3c454c9e

Дар бораи хатарҳои муосири раванди ҷаҳонишавӣ масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ҳини мулоқот бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 — и ба номи Карим Абдулов сӯҳбат намуданд.

Гадоев Б, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ перомуни фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуд. Номбурда гуфт, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, ба воситаи сомонаҳои иҷтимоӣ, аз қабили “Одноклассники”, “Вконтакте”, “Ватсапп”, “Вайбер”, “Имо”  ҷавононро ба сафи худ ҷалб менамоянд.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 70 фисади ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд, маҳз аз рӯйи паст будани фарҳанги истифодабарии интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ гумроҳ шудаанд. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фарҳанги муносибат бо интернет ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб шарти муҳим аст”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>