Дастоварди нодири истиқлол

001 (21)

Мардуми сарбаланди тоҷикро эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои нодири замони истиқлол фаро гирифтаву сокинони кишвар баъд аз ду рӯйдоди муҳими таърихӣ – ифтитоҳи чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва 28 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таассуроти наҷиб қарор доранд.

Воқеан ин ду воқеаи фараҳбахш, ки ба ҳам иртиботи ногусастанӣ дошта, бақои миллатро ҳосил мекунанд, дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон бо хати зарин сабт хоҳанд шуд.

Бунёди НБО “Роғун”, ки ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар нақша буду зери таъсири омилҳои гуногун сохтмони он ба таъхир афтод, маҳз бо талошу такопӯиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳақиқат табдил ёфт.

Истиқлоли энергетикӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар маҳсуб меёбад, бидуни бунёд ва фаъолияти ин иншооти муҳими аср ғайриимкон буд. Ин ки аз НБО “Роғун” нерӯгоҳи ҳаётан муҳим ном мебаранд, воқеан дуруст аст. Зеро маҳз “Роғун” пешрафти соҳаҳои мухталифи кишварро замина гузошта, некӯаҳволии мардумро таъмин мекунад.

Истиқлоли миллӣ марҳилаи нави давлатдории тоҷиконро оғоз бахшид ва бо дастовардҳои нодир, аз ҷумла бунёди НБО “Роғун” саҳифаи тозаро дар таърихи халқи тоҷик боз намуд.

Шоистаи таъкид аст, ки дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бузург аст. Дастовардҳои замони истиқлол низ бо номи ин нерӯи сиёсӣ тавъам мебошанд.

“Шумораи  зиёди кормандони нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” аъзои Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд ва мо дар арафаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати якум беш аз сад нафари онҳоро, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб содиқона заҳмат мекашанд, бо мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои пулию молӣ қадрдонӣ кардем” – ин нукта иқтибос аз суханронии Пешвои муаззами миллат аст.

Дар ҳақиқат ҳадафҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо барномаи Ҳукумати кишвар тавъам буда, ин иқтидори тавонои пешрафти кишвар, ки таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият мебарад, ҷиҳати рушди Тоҷикистон саҳми муассир дорад.

 

                                                                              Мирмуллоев Назирҷон

мутаххасиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>