Нақши занон дар ҷомеаи муосир

2

Баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа зимни мизи мудаввар дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баррасӣ шуд.

Солиева М, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ перомуни нақши занон дар рушди ҷомеаи муосир суханронӣ намуд.

Ҳаёт ва фаъолияти  се нафар занони фаъоли ҳизб — Маҷидзода Муҳаббат, Мирпоччоева Мавҷуда ва Охунова Аниса тариқи слайд муаррифӣ шуда, ҳамчун намунаи ибрат ба ҷавонон маънидод гардид.

Аз ҷониби собиқадори ҳизб Қаландарлова дар бораи “Нақши ҲХДТ – дар таъмини рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маърӯза шунида шуд.

Ҳамзамон, озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ба ғолибон “Диплом” – и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>