Нақши ҲХДТ дар бунёди “Роғун”

IMG-3899f83a2f60f05e2519383b9bd29955-V

Дар доираи таҷлил аз 28 — умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи дуюмин чархаи НБО “Роғун» дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом мизи мудаввар баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом амалӣ шуда, дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату ниҳодҳои вилоят иштирок намуданд.

Дар ин мулоқот перомуни суботи сиёсӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ ва дастовардҳои солҳои мустақилӣ маърӯзаҳо шунида шуд.

Фирӯзахон Раҳимӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд гуфт, ки дастовардҳои замони истиқлол, аз ҷумла, бунёди НБО “Роғун” бо номи нерӯи тавонои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки шумораи зиёди сохтмончиёни НБО “Роғун” аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд”.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>