БА ҚИРҒИЗ САЛОМ ДОДАМ, САД ТАНГА ТАЛАБ КАРД

FB_IMG_15687156124396382

16–уми сентябри соли 2019 соати 18:45 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз низоъ ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷониби қирғиз бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Ин амал боис ба норозигии сокинони Ҷамоати Овчӣ – Қалъача гардид. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд. Ҷониби қирғиз бошад, хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қуввваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250 – 300 нафар сафарбар кард.

Баҳси марзӣ миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи нав нест. Ин муаммо давоми чанд соли охир вуҷуд дорад ва дар натиҷаи иғвогариҳои қирғизҳо то имрӯз даҳҳо нафар сокинони осоиштаи Тоҷикистон маҷрӯҳ ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум шудаанд.

Аз муноқишаи охирин, ки дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара рух дод, ҳанӯз ду моҳ сипарӣ нашуда, ҷониби Қирғизистон ба иғвои дигар даст зад. Дар он ҳодиса низ дасти кам 20 нафар маҷрӯҳ шуда, як нафар омӯзгори ин ҷамоат кушта шуд, ки аз ӯ ду кӯдак ятим монданд.

Новобаста аз он ки моҷароҳои баҳсӣ бо “ташаббус” — и халқи қирғиз рух медиҳад, ҳамоно расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Қирғизистон аз меъёрҳои касбӣ ва принсипҳои журналистикаи байналхалқӣ даст кашида, ҳодисаро ба манфиати худ инъикос мекунанд.

Чунин ҳолат таҷрибаи аввал нест. Ин дафъа низ воситаҳои ахбори оммаи қирғиз бидуни риояи андеша ва фаромӯш намудани оини ҳамсоядорӣ баҳси марзиро дурӯғ тасвир намуданд.

Чунон ки сомонаи итилотии “Кnews” менависад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи мутаалиқ ба ҷониби қирғиз корҳои сохтмониро оғоз намуда, 10 мошини боркаш маҳсулоти сохтмониро дар минтақаи Ҷақа – Орук рехтаанд.

Ҳол он ки асли ҳодиса чунин набуда, оғози корҳои сохтмонӣ бино ба иттилоии маркази матбуотии КДАМ аз ҷониби сокинони Қирғизистон сурат гирифтааст.

Ва ё оҷонсии хабарии “24 kg” дар шарҳи ҳодисаи ахир навиштааст, ки ҷониби Тоҷикистон аввалин шуда силоҳро истифода намудаанд.

Дар ҳамин ҳол Маҳноза Тӯхтаева, рӯзноманигори тоҷик, ки сокини ҷамоати Овчи — Қалъача аст, дар сӯҳбат ба нашрияи “Сухани халқ” гуфт, ки моҷарои марзӣ дар ин минтақа бори аввал набуда, сокинони Қирғизистон барои муноқиша баҳона мекобанд. Бино ба иттилоои ҳамсӯҳбати мо тирпаронӣ на аз ҷониби Тоҷикистон, балки аз ҷониби қирғизҳо оғоз шуд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи ин моҷарои баҳсӣ се марзбони тоҷик – подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қатории тоҷик – Рамазон Исломов ва Ғиёссиддин Суванов кушта шудааст.

Ҳарчанд воситаҳои ахбори чопӣ ва электронии Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин ҳодиса низ ҷониби Тоҷикистонро айбдор карданӣ мешаванд, аммо ба таъбирии маъмулӣ “Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

“Ин ки халқи тоҷик давоми давлатдории худ боре ба сӯйи ҳамсоя тир накушодааст ва ба моликияти ғайр чашм ало накардааст, таърих шоҳид аст.  Мардуми тоҷик аз азал аз суннати ҳамсоядорӣ бархурдор буда, дар ҳама гуна ҳолат роҳи мусолиҳаву сулҳро пеша мекунад. Аммо агар ба таърихи халқи қирғиз назар афканем, маълум мешавад, ки ин миллати камназар аз оини ҳамсоядорӣ фарсахҳо дур буданду дур мемонанд”- мегӯяд номзади илмҳои филологӣ Ислом Раҳимов.

Омили дигари чунин муносибати иғвогароёнаи ҷониби қирғиз ин паст будани маърифати сиёсӣ ва фарҳанги таҳлили сокинонаш мебошад, ки бидуни дуруст омӯзиши масъала барои ҷанг гом мезананд, -мегӯянд ҷомеашиносон.

“Фарқияти миллати тоҷик низ аз сокинони қирғиз дар ҳамин аст, ки тоҷикон на барои ҷанг, балки барои сулҳ талош мекунанду роҳи ҳалли моҷароҳои сарҳадиро дар музокироту гуфтушунид мебинанд, зеро халқи соҳибтамаддуни тоҷик хуб медонад, ки бо ҷангу ҷидол муроде ҳосил намегардад”, — таъкид мекунад Набӣ Рустамов, сокини ин ҷамоат.

То кунун низ ҳар иқдомоте ҷиҳати ором намудани вазъият дар сарҳад ва ба эътидол овардани моҷарои марзӣ роҳандозӣ шуд, аз ҷониби масъулини нерӯҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар ҳодисаи марбут ба сарҳади Ворух низ шоҳид будем, ки дар ҳоле ки масъулини ҷамоатҳои қирғиз (чун Роза Усарова) халқашро барои ҷанг даъват мекард, ҷониби Тоҷикистон сулҳро барои мардум таҳмил менамуд.

Дар шарҳи ҳодисаи охир ишора ба як факт басанда аст, ки гунаҳкори асосӣ муайян шавад: мувофиқи созишномаи дуҷониба минтақае, ки дар он корҳои сохтмонӣ оғоз гардид, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Равшан ном сокини деҳаи мазкур гуфт: “Халқи кӯчманчиии қирғиз, ки ғасби заминҳои бегона барояш меросӣ асту фарҳанг шудааст, бо ҳамсояҳои дигари худ – ӯзбекҳо низ дар масъалаҳои сарҳадӣ ҳамеша баҳс дорад”. Ин аст, ки халқи ӯзбек хулқу атвори қирғизҳоро дар мақоле чунин тасвир кардааст, ки мазмуни тоҷикии он чунин аст: “ба қирғиз салом додам, сад танга талаб кард”.

Моҷароҳои охир, ки қирғизҳо аксаран барои замин бо тоҷикон барпо мекунанд, дар ҳамин мақоли маъруфи ӯзбекӣ ифода меёбад, — мегӯянд сокинони Овчӣ — Қалъача. Зеро гап дар бораи он қитъаҳои баҳсие меравад, ки азалан ба тоҷикон тааллуқ дорад: “Замоне, ки бобову бобокалонҳои мо дар он заминҳо ба кишоварзӣ машғул буданд, ранҷу меҳнат, деҳқонӣ гуфтанӣ гапҳо дар тафаккури қирғизҳо намегунҷид. Маҳз тоҷикону ӯзбекҳо буданд, ки ба ин қирғизҳо ҷову макон дода, тарзи зистану зиндагии муқимӣ, оиладориву шуғли рӯзғорро омӯхтанд, акнун ин халқ даъвои замину замон мекунад”.

Мафтуна Исмоилова

“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>