Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд…

Logo_001

Ташкилоти террористӣ — экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ солҳои 90 — уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Қобили зикр аст, ки ин ташкилот аз бунёдаш зидди озодии инсон ва ҳуқуқи башар мебошад. Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб чи дар даҳаи охири асри гузашта ва чи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати тоҷик равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ тамғаи кофир зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст.

Пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, гарчанде роҳбарияти ТТЭ ҲНИ зоҳири хешро иваз намуда, худро ба ҳайси як созмони демократӣ ба намоиш гузошта бошад ҳам, вале аз бартариҷӯии динию мазҳабӣ ва шеваи хушунат, ки ҳамеша зидди озодиву ҳуқуқҳои башаранд, даст накашид.

Фаъолони ТТЭ ҲНИ фалсафаи ҷиҳоду шаҳодатро таблиғ намуда, сабаби пайвастани ҳазорон нафар ба гурӯҳҳои террористӣ гардиданд. Моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби сарварони ин ҳизб кӯшиши ба вуҷуд овардани кудатои низомӣ ва ғасби ҳокимияти сиёсӣ ба амал оварда шуд. Хушбахтона, мақомоти дахлдори давлатӣ бо такя ба мардуми огоҳи кишварамон пеши роҳи ин хиёнати наҳзатиҳоро гирифтанд, аммо ин амали онҳо далели аз роҳи зӯрию террор даст накашидани ТТЭ ҲНИ буд.

Пас аз табаддулоти нокоми давлатӣ роҳбарони фирории ин ҳизб, ки ҷиноятҳои сангини зиддиинсонӣ содир карда буданд, дар Аврупо паноҳ бурданд ва бешармона ҳуқуқи башарро шиори хеш қарор дода, дар муқобили Тоҷикистон амалҳои манфури худро анҷом медиҳанд. Онҳо худро ҷабрдидаю мазлум нишон медиҳанд ва сармоя ба даст меоваранд. Ин гурӯҳи дурӯғпеша дар тӯли фаъолияташон фақат ҳуқуқҳои инсонро поймол кардаанд ва аммо имрӯз дар Аврупо ва дар САҲА аз ҳуқуқи башар ва аз ноадолатӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аҷиб ин аст, ки намояндагони баъзе давлатҳо дидаю дониста аз ҳамин гурӯҳи террористӣ ва зиддиинсонӣ ҳимоят мекунанд.

Раҳбари фирории ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ тавассути найрангбозию иғвогарӣ ва фазлфурӯшиаш созмонҳои ифротии «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо”- ро аввал ташкил дода, сипас бо онҳо иттиҳод баст.

Имрӯз ноҷавонмардонаи наҳзатиёни террорист нишон медиҳад, ки барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Аъзои фирории ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун ғуломи бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои нангине, назири таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум, бесубот кардани вазъи дохилии Тоҷикистон даст набардоштаанд ва чашми умед ба он доранд, ки бо чунин амалҳои носавоб аз хоҷагони бурунаашон пул меситонанд. Зеро онҳо ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд.

Чун оина равшан аст, ки дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҳзатиёнро нороҳату асабонӣ кардааст. Ин ҳақиқатро аз мутолиаи гузоришҳои ғаразноки сомонаҳои интернетие, ки таҳти ҳимояти молии хоҷагони ТТЭ ҲНИ қарор доранд, ёфтан мумкин аст.

Ба ҷойи ҳимоят аз истиқлолияти сиёсии кишвар ва арзишҳои миллӣ барои расидан ба қудрат мардуми ноогоҳро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахти кишвар оварда, мунтаҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд. Хушбахтона, дар партави сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон аз чунин вартаи ҳалокат ва нобасомониҳо раҳо шуда, вориди марҳилаи нави созандагӣ гардид.

Ҳеҷ як фарди худогоҳ фаромуш накунад, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада аст, то ҳоло аз мақсади худ даст накашидааст.

Р, Усанов

устоди МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>