Озмуни “Рӯдакихонӣ”

изображение_viber_2019-09-19_14-40-38

Дар Китобхонаи марказии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд озмуни Рӯдакихонӣ доир гардид. Ин иқдом бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола санаи 22 – юми сентябр таҷлил мешавад, роҳандозӣ гардид.Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ дар бораи нақши Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар рушди адабиёти тоҷику форс суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба бузургдошти Маликушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тадбирҳои судманд амалӣ мешавад, ки озмуни Рӯдакихонӣ аз зумраи чунин иқдомҳост.

Дар озмун 30 нафар донишҷӯён иштирок ва аз ашъори қофиласолори назм шеърҳо қироат намуданд.

Ғолибон муайян ва қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>