Зиракии сиёсӣ — тақозои замон

Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар мулоқот бо хонандагони Гимназияи №1 баррасӣ намуданд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳр перомуни роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ суханронӣ намуд. Вай гуфт, ки ҲХДТ бо мақсади таҳкими истиқлоли миллӣ мубориза бо терроризмро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати пешгирӣ аз гумроҳшавии шаҳрвандон тадбирҳои имконпазирро амалӣ мекунад.
Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд.
Добавить комментарий