“Замири Рӯдакӣ кони сухан буд”

Чунин ном дошт конференсияи илмӣ — адабӣ, ки дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” доир шуд. Ин иқдом бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон амалӣ гардид.
Дар бораи нақши Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар рушди адабиёти тоҷику форс маърӯзаҳо шунида шуда, аз рӯйи бахшҳои қироати шеър, ғазал, панд аз осори Рӯдакӣ байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр озмун гузаронида шуд.
Ба ғолибон Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон супорида шуд.
Добавить комментарий