Ғамхорӣ ба собиқадорон – ҳадафи барномавии ҲХДТ

FB_IMG_15693120387907314

Намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар доираи сафар ба ноҳияи Зафаробод собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърифат Азизоваро аёдат намуданд.

Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ таъкид намуд, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони ҳизбу меҳнат аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ маҳсуб ёфта, бо дастури роҳбарияти олиии ҳизб ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи ин қишри ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад.

Муаттара Азизова дар соҳаи маориф собиқаи 54 сола дошта, дар тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа хидмати шоиста дорад. Номбурда аз иқдоми масъулини ҲХДТ хурсанд шуда, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон дасти дуо бардошт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>