ХУҶАНД ОН ҶО, КИ ОЗОРАШ НАБОШАД!

2 (2)

Соли 2001 дар як чорабинии хайриявие, ки ба 60-солагии равоншод Лоиқ Шералӣ дар маркази вилояти Суғд бахшида шуд, Оишаи Бухороӣ, ки солиёни зиёд ҳамроҳи устод дар Бунёди забони тоҷикӣ ҳамкор буд, суханронии ҷолиб намуд. Баромади ӯ бо чунин суханон оғоз ёфт: «Пурсиданд, ки ба куҷо меравӣ?». Гуфтам: «Ба шаҳри Хуҷанд». Пурсиданд: «Хуҷанд чӣ гуна ҷоест?». Гуфтам: «Хуҷанд он ҷо, ки озораш набошад, Касеро бар касе кораш набошад». Шахсони огоҳ медонанд, ки посухи саволи дуюм байти андак тағйирдодашудаи зер аст:

Ватан он ҷо, ки озораш набошад,

Касеро бар касе кораш набошад.

Аҳли назар бар онанд, ки воқеан ҳам билоди Хуҷанд ҳамин гуна ҷост. Касе, ки ба ин шаҳри бостонӣ бо нияти неку дили пок меояд, ҳатман месабзад ва ба қуллаи мурод мерасад.

Дар бораи маънои калимаи Хуҷанд фикру ақидаи муҳаққиқон гуногун аст. Вале бисёриҳо ҷонибдори он ҳастанд, ки ин номи зебо аз калимаи «хубҷамъ» ба вууд омадааст ва агар чунин бошад, бисйр мувофиқ афтодааст. Илова бар ин, тибқи маълумоти сарчашмаҳо, шаҳри Хуҷанд дар гузашта бо номи фахрии «Тирози ҷаҳон», яъне арӯси олам маълуму машҳур буд. Суханварон одатан фасли баҳорро ба арӯсисол ташбеҳ медиҳанд, ки ба хотири зебоиву гулпӯшиаш аст. Маҳз бо назардошти ободиву зебоӣ ва тозагиву озодагиаш ба шаҳри Хуҷанд муносиб дидани чунон номи ифтихорӣ ҷои тааҷҷуб надорад. Тибқи як назарсанҷӣ соли гузашта аз байни шаҳру навоҳии кишвар Хуҷанд зеботарин ва озодатарин эътироф гардид.

Хуҷандро дар баробари табиату манзараҳои нотакрор сокинони сарбаланду меҳнатқаринаш, аз ҷумла арбобони илму адаб, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадорону ҳунармандон ва дигар шахсиятҳои шинохта маъруфтару машҳуртар намудаанд. Ин гуна бузургмардон ҳам дар гузашта ва ҳам дар замони муосир хеле зиёд буданду ҳастанд. Аз ҷумлаи гузаштагон метавон орифи маъруф Бобо Камоли Хуҷандӣ, шоирон Камолу Маҳастии Хуҷандӣ, тоҷирони китоб – намояндагони силсилаеро, ки дар асрҳои миёна чун Оли Хуҷанд шинохта мешуданд, шайх Бадеуддини Нурӣ ва садҳо нафари дигарро ном бурд. Қаҳрамонӣ ва ҷоннисории Темурмалики Хуҷандӣ дар мубориза бар зидди истилогарони муғул имрӯз ҳам вирди забонҳост. Ба ватандӯстию ҷасорати ӯ ҳатто душманон қоил шудаанд ва тибқи ривоятҳо номи аслии ӯ Мирмалик буда, лақаби «Темурмалик», яъне «Амири оҳанин»-ро ба ӯ маҳз саркардагони муғул муносиб донистаанд.

Ин шаҳри бостонӣ дар давоми мавҷудияти худ борҳо аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштааст. Ба шарофати соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шудани Тоҷикистони маҳбуб, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Хуҷанд ба марҳилаи нави рушду нумӯъ ворид гардид. Чунон ки аҳли ҷомеа медонанд, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихиву тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри маданияти «Арбоб» доир гардид ва диққати на танҳо сокинони кишвар, балки аҳолии рӯи дунё ба сӯи шаҳри Хуҷанд нигаронида шуд. Дар ҳамин иҷлосия Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азиятдидаву ноумедгашта ваъдаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати сартосариро додан ва албатта, ба аҳди худ содиқ монданд. Бо талошҳои пайгирона ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар Тоҷикистон тинҷию амонӣ барқарор шуд, гурезагони иҷборӣ ба Ватани аҷдодӣ баргаштанд, зиндагӣ ба маҷрои пешинааш даромад. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки раванди барқароршавии сулҳ дар Ватани азизамон аз ҳамин боғшаҳри соҳили дарёи Сир оғоз ёфтааст.

Шаҳри Хуҷанд дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар радифи дигар манотиқи кишвар симои худро куллан дигар кард. Мо ҳамарӯза шоҳиди бунёдкориву созандагӣ гардида, мебинем, ки дар радифи ободониҳо сатҳи зиндагӣ ва маданияти шаҳрдории сокинон ҳам баланд мешавад. Тибқи нақша дар доираи 1300 рӯзи ободонию созандагии ба муносибати Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида давоми се соли тайёрӣ дар миқёси шаҳри Хуҷанд беш аз 600 иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад ё мавриди таъмиру навсозии куллӣ қарор мегирад. То имрӯз дар ин самт корҳои бузург ба анҷом расида, бисёр иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, танҳо дар доираи сафари кории қарибулвуқӯи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд 9 иншоот аз қабили корхонаҳои истеҳсолӣ, зеристгоҳи барқӣ, биноҳои маъмурӣ, кӯдакистон ва ғайра ба истифода дода шуд.

Яке аз фазилатҳои шаҳри бостонии Хуҷанд он аст, ки бисёр иқдому ташаббусҳои ватандӯстона, аз ҷумла эҳёи анъанаву суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамин ҷо ба зуҳур омада, баъдан дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ паҳн мешаванд. Чун як ҷузъи халқи куҳанбунёд сокинони шаҳр, аз ҷумла аъзоён ва алоқамандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якдилона сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, иқдому ташаббусҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсан Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳр муҳтарам Маъруф Муҳаммадзодаро дастгирӣ менамоянд ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии Ватанро ифтихори бузург медонанд.

Ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил намудани санаи 25-уми сентябр иқдоми шоистаест, ки кулли сокинонро дар атрофи ғояи «Тоҷикистон – Ватани маҳбуби мо» боз ҳам зичтар муттаҳид менамояд ва аз ояндаи дурахшони ин шаҳри хуршедӣ дарак медиҳад. Рӯзи ҳамдиливу баҳамоӣ муборак, азизони дил!

Мудири шӯъбаи ташкилии 

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Исоев Эхсонҷон Махмудҷонович

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>