Татбиқи ҳадафҳои ҲХДТ — рисолати ҳар узви ҳизб

FB_IMG_15693120266350728

Чунин унвон дошт мизи мудаввар, ки дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Ин иқдом дар доираи таҷлили 25 — умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ роҳандозӣ гардид ва дар кори ин нишаст Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари дастгоҳи КИВ ҲХДТ, Мутриба Бобоҷонова, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумиҷроияи вилоятӣ,  Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филологӣ ва собиқадори ҳизб Муаттара Ғаниева ширкат намуданд.

Роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ перомуни самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизбро рисолат ва масъулияти ҳар узви ҲХДТ  унвон кард.

Оид ба нуфузи ин ҳизби мардумӣ устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Саидумрон Саидов маърӯза намуд. Номбурда гуфт, ки ҲХДТ ҳамчун иқтидори  тавонои сиёсии кишвар 500 ҳазор ашхоси арзандаро муттаҳид намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият мекунад.

Ҳамзамон, дар доираи ин мулоқот китоби “Давлат, сиёсат ва ҷомеа” мавриди рӯнамоӣ қарор гирифт.

Ба як қатор аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд ва ҷиҳати вусъат бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ  дастурҳои Раиси КИВ ҲХДТ расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>