“Тиллои сафед” — боигарии давлат

20190919_123317

Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар  майдони пахтазори Ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо  чинакчиён вохӯрӣ намуданд. 

Бахтиёр Исматҷонов, роҳбари дастгоҳи КИВ ҲХДТ таъкид намуд, ки ҳизбиён ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муассир дошта, таъмини зиндагии шоистаи мардум аз ҳадафҳои муҳими ҲХДТ  маҳсуб меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол дар майдони 13954 гектар пахта кишт намуда, нақша доранд 28000 тонна ҳосил руёнанд.

Ба як қатор чинакчиёни “тиллои сафед” аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>