ҲНИТ бояд дар назди халқ ҷавоб гӯяд!

7RgyJhPanHc

29 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин ҳизб амалҳои ифротгароӣ зиёд ба чашм мерасид. Ифротгароӣ имрўз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳое, ки рўзҳои охир дар Тоҷикистон ба вуқўъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро  водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоянд.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурўҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло  дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.

Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад — асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрўза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гўшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рўй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест, ки имрўз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад.

Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд. Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хуҷаинҳои хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион аҳолӣ дошта, дорои 1340 киллометр сарҳад бо кишвари Афғонистон мебошад. 95 дарсади мардум мусалмон буда, аз мазҳаби Абу Ҳанифа пайравӣ мекунанд.

ТЭТ ҲНИ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиё паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рўйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.

ТЭТ ҲНИ — фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «Ҷиҳод дар роҳи Худо» рўйпўш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТЭТ ҲНИ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ТЭТ ҲНИ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод.

Усмонов Ш. З.

аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>