ҲХДТ: тадбирҳои судманд ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ

12

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор занони ҳунармандро аёдат намуд. Ин иқдом дар доираи эълон шудани солҳои 2019 – 2021 “ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ гардид.

Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи ҳунармандӣ иқдомҳои зуруриро амалӣ мекунад. Дар ин замина, таъсиси марказҳои ҳунармандӣ, сехҳои дӯзандагӣ ва ташҳкили курсҳои омӯзишӣ аз чунин тадбирҳои судманд аст.

Аз бонувони ҳунарманд даъват карда шуд, ки дар офариниши намунаҳои зебои ҳунари миллии тоҷикона бештар саъю талош намуда, ба ин васила ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳунарманду ҳунарофар саҳим бошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>